Русский  >>  فارسی  >>  Душанбе 5 декабр 2016, 23:34

Президентҳои Қазоқистону Узбакистон дар феҳрасти панҷ диктатори бадтарин

14 январ 2014, 11:45

Раисҷумҳурони Қазоқистон ва Узбакистон ба феҳрасти панҷ диктатори бадтарини Осиё ворид шудаанд, омадааст дар матлаби Asia's 5 Worst Dictators | 2013 Edition.

Нурсултон Назарбоев дар ин рӯйхат мақоми чорумро муаррифӣ мекунад. Гуфта мешавад, дар тамоми муҳлати президентии худ, ӯ дар фасоди молӣ ва нақзи ҳуқуқи инсон муттаҳам шудааст. Ба иттилои созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқ, дар кишвар фурӯши адамон дар авҷ буда, мухолифони сиёсии президентро пушти панҷара кашида дар шароитҳои бадтарин нигоҳ медоранд. “Назарбоев ягон зарра тасмими раҳо кардани қудратро надорад. Ӯ дар интихоботи президентии моҳи апрел бо 95,5 дар сади овозҳо, ки боварнакарданист, пирӯз шуд”,-омадааст дар матлаб.

Дар зинаи панҷум Ислом Каримов, раисҷумҳури Узбакистон нишастааст. Муаллифони матлаб гуфтаанд, шеваи раҳбарии Каримов ба “шеваи ҳукмронии Иосиф Сталин” шабоҳат дорад”.

“Муҳлати президентии Ислом Каримов соли 1996 анҷом ёфт, аммо мардуми Узбакистон розӣ шуд, муҳлати президентии ӯро тамдид кунад ва дар интихобот 99,6 дар сади овозҳоро гирифт. Ба ҷуз ин, Каримов дар солҳои 2000,2007 ва 2012 аз нав интихоб шуд, ки мухолифи Сарқонуни кишвараш мебошад”.

Ба ҷуз аз раҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ дар ин матлаб аз Ким Чен Ин (Кореяи Шимолӣ), Башор Асад (Сурия) ва Маҳмуди Аҳмадинажод (собиқ раисҷумҳури Эрон) ҳам ба унвони диктаторони бад ном бурда шудааст.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • AAAA

  • 14 январ 2014 12:00
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Касера кор мегирен бгирен неки шери нара Ахмадиначота кордор нашен!!! Каримов ва Назарбоев бадтарин хаст дар хакикат
Посух додан
  • дима

  • 14 январ 2014 12:37
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
дар баробари каромову назарбоев .рахмонро фаромуш кардиянку
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
азоми моя нагуфтену?
Посух додан
  • Яъкуб.

  • 14 январ 2014 22:38
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ба фикрум дар чои Ахмадинажод бояд Рахмон бошад.Чунки ин арзанда хаст......
Посух додан
  • Shahrvand

  • 15 январ 2014 02:34
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Рахмон дар чои аввал мебошад. Ана аз хамин сабаб номи уро нагирифтаанд.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: 13.01.2014
  • Мақом: Пользователь offline
  • Шарҳҳо: 4
  • Матлаб: 0
Бо ин миллату халки осиёи маркази диктатор набоши намешавад ...
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Azimov87,
розиям гапатон кати бародар хама бо хуни мугулу турк аралаш шудаги идоракуниашон ба фикрам-факат товарищ Сталин тавонист тамом

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!