Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 8 декабр 2016, 19:07

Бишкек: Сафир то ҳалли низои марзӣ ба Душанбе барнамегардад

15 январ 2014, 10:43

Вазорати умури хориҷии Қирғизистон мегӯяд, сафири ин кишвар дар Тоҷикистон, то анҷоми тафтишоти низои марзӣ дубора ба Душанбе бар нахоҳад гашт. Ин дипломати қирғиз дар пайи тирпаронии марзбонони ду кишвар ба Бишкек бозхон шуда буд.

Тибқи иттилои расонаии “24.kg”, Вазорати умури хориҷии Қирғизистон гуфтааст, ҳоло муайян нест, то кай Урмат Саралаев, сафири ин кишвар дар Тоҷикистон дар Бишкек боқӣ мемонад. Ба иттилои манбаъ, баргашти дубораи сафири бозхондшудаи Қирғизистон ба Душанбе аз муҳлати тафтишоти дуҷонибаи тирпаронии 11 январ дар марзи ду кишвар вобастагӣ дорад.

Ин дар ҳолест, ки рӯзи 14 январ вазорати умури хориҷии Қирғизистон аз даъвати Урмат Саралаев ба Бишкек хабар дода буд. Ин ниҳод гуфт, сабаби даъвади сафираш аз Душанбе ба ватан баррасӣ ва машварат оид ба қазияи пешомада мебошад.

Тирпаронӣ миёни марзбонҳои тоҷику қирғиз зуҳри 11 январи соли ҷорӣ рух дода, дар пай аз ду ҷониб ҳашт захмӣ боқӣ гузоштааст. Ба қавли мақомоти тоҷик, дар ин задухӯрд се марзбони тоҷик маҷрӯҳ шуда, ҳоло дар бемористонанд. Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон бо нашри изҳороте гуфта буд, тирпаронӣ бидуни кадом огоҳӣ нахуст аз тарафи марзбонҳои қирғиз оғоз ёфта, марзбонҳои тоҷик танҳо барои ҳифзи ҷонашон ба онҳо ҷавоб додаанд.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Точики Ворухи

  • 15 январ 2014 12:09
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Бигузор наёяд. Онхо бо ин амалашон гуфтанианд, ки махз точикон дар ин низои марзи айбдоранд. Ба кавли мардуми точик "хам гарию хам пешхези". Мо бояд собит истем дар мавкеи худ, киргизхо ба кавли худашон дар заминхои мо "келган" (тахччои нестанд) астанд. Мо чи кадар ичоза дихем ба хамон каноат кунанд, бигзор.....
Посух додан
  • РАХМОНКУЛ

  • 15 январ 2014 21:59
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
СОЛИ-89-ЧУН-АФСАРИ-ТОЧИК-БО-СУПОРИШИ-ГОРБАЧЁ
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
БА ФИКРАМ ИН КИРГИЗХО Ё БО УЗБЕКИСТОН ЧИ МАKСАДИ НОПОК ДОРАНД Ё АЗ МУНОСИБАТИ БАДИ ТОЧИКИСТОН БО УЗБЕКИСТОН СУИИСТИФОДА КАРДАНИ. Ё ДАР ТАХТИ СУРНАИ РУССИЁХ МЕРАКСАНД. ХАР ЧИЗЕ, КИ НАБОШАД ИН ХАМАРО ТОЧИКИСТОН БОЯД ХУБ ОМУХТА ОЧИЛОНА ЧАВОБИ САЗОВОР ДИХАД, КИ ХАМИНАШ НАМЕРАСИД.

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!