Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 3 декабр 2016, 03:12

Акбаралӣ Саттор дар бораи шарти раиси Кумитаи дин ба журналистон

15 январ 2014, 12:00

Дар пасманзари шартгузории Абдураҳим Холиқов, раиси Кумитаи дин ва танзими расму оин, ки 15-уми январ зимни нишасти матбуотияш баъди гузориши 40-дақиқаина ба хабарнигорон гуфт, танҳо як суолӣ диҳанд, “Озодагон” аз Акбаралӣ Саттор, раиси Иттифоқи журналистон пурсид, ки ба чунин шева ва шартгузориҳо чӣ назар дорад.

Акбаралӣ Саттор изҳор дошт, ки шеваи баргузории нишастҳои матбуотӣ аз худи журналистон вобаста аст, ки то кадом дараҷа метавонанд аз масъулин иттилоъ талаб кунанд. Раиси Иттифоқи журналистон афзуд, ки раисиҷумҳури Тоҷикистон бо амраш дар бораи баргузории ҳатмии нишастҳои матбуотии вазирон барои журналистон имкон дод, ки ба суолҳояшон посух гиранд.

Дар мавриди ҳисоботҳои расмие, ки аз як соати барои нишасти матбуотӣ ҷудо гардида, қисми зиёди вақт барои қироати онҳо меравад, Акбаралӣ Саттор афзуд: “Нишастҳои матбуотӣ на ба он хотиранд, ки масъулин дар мавриди фаъолияти худ ба хабарнигорон ҳисобот диҳанд, балки ба суолҳои хабарнигорон ҷавоб диҳанд. Ҳисоботро бигузор ба мақомоти болоӣ аз ҷумла ба дастгоҳи раисиҷумҳур диҳанд. Аз ин хотир талаб кардани хабарнигорон ин аз ҳама чизи муҳим аст.”

Раиси Иттифоқи журналистон зарур гуфт, ки дар сурате агар вазирон дар нишастҳои матбуотӣ шеваҳоеро кор баранду аз посух ба суолҳо гурезанд ва маҳдудиятҳо гузоранд, хабарнигорон бояд онро дар навиштаҳояшон аз ин нишаст ҳатман таъкид кунанд, то масъулин зимни нишастҳои матбуотии баъдӣ камбудиҳои гузаштаро ба назар гирифта, такрор накунанд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Имсол як корманди ин чархи гардун ба хач сафар кард ба фикрам байнашон ягон шури мури хаст барои чи ки хамкоронаш гила карда гуфтанд ки ин Акбарадли С аттор факат одамои худша через мекуна . Ана нав маълум шуд ки ин мардакам Кумитаи дин харидаги будай набоша барои чи дар мавриди ин кумита назарашро ироя накард Бовар кунен дигар дар шумо ягон эътимод мондаги нест. Озодагон илтимос ба фикрум хами як шумо ва як озоди шояд бемуомила монда бошеду тамом дигар дар ягон расона бовари нест. Медонам шаяд аз Акбарали Саттор тарсида ин коммента нашр накунед вале номи шумо озодагон аст ку.

Акбар али Саттор имсол аз хисоби Кумитаи дин як кормандашро бепул ба хадж равон кард барои хамин номи Кумитаи динро ггиран муи сараш сих мешавад ва вакте ки мо бо ин шахс кор мекардем маводхои моро барои нашр ба хар бахона тавассути дигар командон чи даркор гуфта ину фалон аз нашр боз мемонд . Баъдан маълум гардид ки як хамкорамон ба хач мерафта будаст. Бахшиш устод Акбар али Саттор Лекин ман мачбур будам мн комментро нависам. Зеро хакикат хакикат бояд бошад. Журналист бояд хакнигор бошад.
Посух додан
  • Акат

  • 16 январ 2014 13:38
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
хазрат,
Брат хама гапад сад фоизу, неки ибораи "муйи сараш сих мешаван"-ат хато. Охи Акбари Саттор му надора ку))))))))))))))
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ба Хазрат. Дар бораи кадом журналист будан сухан мекуни вакте номатро махфуз доштаи, агар хакгу боши имзои мустаоратро гир, Хазратхасак. Журналистони сирф точики фишори сахти дарукни доранд, аз мавзуъхои идораву вазорату корхонахо дуранд. саволхои обшустаи нестандаролам медиханд. аз баъзе саволхои мухтарам журналистхои точик шарми кас меояд.О камтар чахонбини дошта бошед, саволхоро мардакона дихед.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
аввало ин, ки Аълохазрати мухтарам, ягон нафар аз коргарони Чархи гардун ба Хач сафар накардад имсол, ин сухан дуруги махз аст. Дуюм ин, ки як нафарро дар хакикат барои сафар ба Хач интихоб намуданд, ки он касро аз чониби Раёсати Хукумати шахр интихоб кардан, барои Бехтарин волидайни сол интихоб гардиданашон, на аз чониби Кумитаи дин, чи гуна, ки шумо мегуед. Як чизро нафахмидаю надониста дар ин чо аз хама баланд сухан кардан аз руи одоб нест Алохазрат, маводхои шуморо эхтимол барои он ба чоп намедоданд, ки маънияшон пуч будааст. Навиштанро аввал омузед, баъд дигаронро айбдор созед.

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!