Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 10 декабр 2016, 11:53

Се шарти сафорати Қирғизистон ба мақомоти Тоҷикистон

16 январ 2014, 09:49

Сафорати Қирғизистон дар Тоҷикистон бо пахши изҳороте аз тирпаронии 11 январ миёни марзбонони ду кишвар дар Хоҷаи аълои ноҳияи Исфара нигаронӣ кардааст.

Дар ин изҳорот, ки рӯзи 15 январ пахш гардид, аз ҷумла омадааст, “танҳо тафтишоти мунсифонаи дуҷониба метавонад, роҳҳали ин қазия дар партави гуфтугӯ ва равобити судманди Душанбеву Бишкек шавад.” Инчунин, сафорати Қирғизистон дар Душанбе барои ҳалли ин қазия ба мақомоти тоҷик шартҳои зеринро пешниҳод кардааст:

1. Ҷониби Тоҷикистон расман иқдоми "ғайриқонунӣ"-и марзбонони худро эътироф кунад;
2. Ба хотири такрор нашудани ин гуна ҳодисаҳо, дастандаркорон ба ҷавобгарии сахти ҷиноӣ кашида шаванд;
3. Хисороти овардаи марзбонони Тоҷикистон ба Қирғизистон, ҷуброн карда шавад.

Дар идома омадааст, ҷониби Қирғизистон умедвор аст, мақомоти Тоҷикистон бо нишон додани иродаи сиёсии худ дар татбиқи қавонини байналмилалӣ аз додани ҳар гуна изҳорот ва айбномаҳои беасос алайҳи Бишкек худдорӣ мекунад. Тирпаронӣ миёни марзбонҳои тоҷику қирғиз зуҳри 11 январи соли ҷорӣ рух дода, дар пай аз ду ҷониб ҳашт захмӣ боқӣ гузоштааст. Ба қавли мақомоти тоҷик, дар ин задухӯрд се марзбони тоҷик маҷрӯҳ шуда, ҳоло дар бемористонанд.

Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон бо нашри изҳороте гуфта буд, тирпаронӣ бидуни кадом огоҳӣ нахуст аз тарафи марзбонҳои қирғиз оғоз ёфта, марзбонҳои тоҷик танҳо барои ҳифзи ҷонашон ба онҳо ҷавоб додаанд.


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Саид

  • 16 январ 2014 10:18
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Это уже явная наглость...
Мы вас обвиняем... Повсюду об этом кричим...
А вы никуда не жалуйтесь...да еще и компенсируйте нашим гражданам...
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Матни пурраи изхоротро чоп мекардед, маълум мешуд, ки барои кадом камбуди ба тарафи Точикистон ин шартхо гузошта шудааст. Мумкин баръакс аз тарафи Киргизистон узр пурсида шавад, ки мардуми моро ин кадар саргардон менамоянд ва бехуда хисорот оварданд.
Посух додан
  • шариф

  • 16 январ 2014 10:58
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
дипломатҳо ҳунари худро нишон диҳед!
Посух додан
  • Дилшод

  • 16 январ 2014 11:00
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ин як имтихони калон барои Хукумати Точикистон аст. Бояд Хукумат ягон рохи халли муносиби ин праблемаро ёбад ва на ба нафъи киргизо балки ба нафъи Точикистони азиз праблемаро хал кунад.
Посух додан
  • Сиевуш

  • 16 январ 2014 11:05
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ба марзбонхои Точикистон унвон ва 100 баробар ба маошашон мукофотпули дода шавад. Ин киргизхо маколи дузди зур сохиби гова муттахам кардааст рафтор менамоянд
Посух додан
  • saud

  • 16 январ 2014 11:27
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
анакнун навбати киргиз шуд вой бар холи мо мардхои чангира хамаша пушти панчара шинондед ва нобуд кардед кани омада оромиро баркарор кнед ё монед мардхой часур кор кунанд
Посух додан
  • амр

  • 16 январ 2014 11:38
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
вой бар холмон ин кор аз дасти давлатдорон шуд пула кам чамъ кунед марза нигох кунед

вой бар холмон ин кор аз дасти давлатдорон шуд пула кам чамъ кунед марза нигох кунед
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Дипломатҳо дар куҷо бошанд? Ба фикрам сафирони мо гаштанд аз пушти 2 -3 тоҷирон хориҷи.
тақдири ватан ҳал шуда истодааст. дар сурати додани қисми замин ин ба фоидаи оппозитсия ҳам дар тоҷикистон ва ҳам қирғизистон мебошад.
Посух додан
  • абду

  • 16 январ 2014 13:21
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
сипахсолорхои далери точикро бо хар хел фитнахо ё куштед ё паси панчараву фишорхо рухан шикастед! Мирзои Зиё ё Ёқуби Салим имрузхо метавонистанд чавоби ин чингиззодахоро дода дар чояшон шинонанд!
Посух додан
  • Cафо

  • 16 январ 2014 13:29
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ман рости ба ин гуфта бовар надорам ки гуё марзбонони точик нахуст дар марз тирандози карда бошанд.Фмкр мекунам ки дар ин казия худи марзбонони киргиз айбдор хастанд. Зеро сафаре ки се сол кабл ба дехаи Ворухи шахри Исфара доштем сокинони ин деха ба мо гуфта буданд ки марзбонони киргиз бисёр бадчахл ва берахманд ва нисбат ба мардуми точики марзнишин бехад муомилаи дагал доранд! Xулоса ки мегуяд ки дуги ман турш аст! Мамнун!
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: 13.01.2014
  • Мақом: Пользователь offline
  • Шарҳҳо: 4
  • Матлаб: 0
Хеч чизи дигар намехоста бошанд? Умуман аз хамин киргизхо ягон манфиат хаст? Бошад сафирашон ё не ба мо чи...
Посух додан
  • ислом.70mail.ru

  • 16 январ 2014 14:15
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Иншооллох марзу буми ватанро ихота кардан худуш чиход аст иншооллох мо барои ватан тайер хастем чони худро фидо созем. Хамватанони азиз фаромуш накуунед ки ватан ин модар аст.Шахсони масъул нотарсида хакикатро гуед ки ин майдамиллатхоро ба фикрам зиндагии осуда намефорад.Ин бемаданиятхо фикр мекунанд ки милллати Точик хамааш тарсу бошад не.....Пароканда лашкар наояд ба кор,Ду сад марди чанги беш аз сад хазор.
Посух додан
  • сури аз сурх

  • 16 январ 2014 14:44
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
а что с нашей сторони нет громких высказание или уже вину взяли .
это наглост киргизов уже достал.
а что тележурналюги не можете интервю брат у ранених сольдат что там на самом деле случилос.
Боюс что от этой тышини и молчание наших госструктур.конец этой игри будет в ползу киргизистана-не дай БОГ
ОЗОДАГОН публикуйте всё,не надо сокрашат моих коментарии...
Посух додан
  • tojik

  • 16 январ 2014 15:38
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
хам гарри хам пешгири-ку
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
О барои чи як марди босавод ба чониби киригиз чавоб дода натавонад. Охир тирпарони аз чониби касе шуда бошад хам дар марзи ЧТ шудааст албата киргизхо дар мочаро гунахгори асосианд. Марзро гайриконуни убур карданду боз худро бегунох метарошанд. Агар ходисаи мазкур дар марзи Киргизистон ба амал меомад дар ин маврид сухани чаноби сафир дуруст мебуд.
Ба қафо | Ба пеш

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!