Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 8 декабр 2016, 08:58

Илолов рӯ ба рӯ бо хабарнигорон: “Ҳеч хатое накардам, ки...” (ВИДЕО)

17 январ 2014, 16:15

Мамадшо Илолов, президенти собиқи Фарҳангистони улуми Тоҷикистон, рӯзи 17 январ дар нишасти хабарии ин ниҳод дар Душанбе овозаҳо дар бораи тақсими гӯиё беадолатонаи манзил ба кормандонашро бепоя хонд.

Аслан дар ин бора хабарнигори “Озодагон” мавқеи Фарҳод Раҳимов, президенти тозатаъини Академияи илмҳоро пурсид, вале оқои Раҳимов гуфт, “ҳоло санҷиш идома дорад ва ман чизе гуфта наметавонам. Ҳамин ки санҷиш тамом шуд, ҳатман расонаҳоро дар ҷараён хоҳем гузошт.”

Худи Мамадшо Илолов, ки дар ин нишасти хабарӣ ҳузур дошт, гуфт, то ҳол намедонад, дар кораш чӣ хатоие карда, ки чунин сару садоҳо атрофи ӯ баромадаанд. Оқои Илолов қайд намуд, ҳанӯз соли 2006 ҳукумати кишвар биноеро дар ихтиёри Академия гузошта буд ва аз манзилҳои ҳамин бино дар доираи қонун ба кормандони муассисаи таҳти роҳбарияш манзил додааст. “Манзилҳоро бояд ба кормандони ҷавони Академия медодем, лекин нафароне ҳастанд, ки дар сафи ҷавонон нестанд ва давоми 30 сол кор кардаанду ҳоло бо зану кӯдакҳояшон бехонаанд. Намешавад, чунин инсонҳоеро, ки тӯли солҳои зиёд кор кардаадну бехонаанд, сарфи назар карду ба ҷавоне, ки нав 6 сол шуд кор мекунад, хона диҳанд",-афзуд ӯ.



Президенти собиқи Академияи илмҳо илова кард, "дар соли 2011 барои сохтмону навсозии биное, ки дар ихтиёри Академия гузошта шуда буд, дигар аз ҳисоби буҷаи давлат маблағ чудо нашуд ва мо маҷбур шудем, ки бо кормандон машварат карда дар шакли корпоративӣ биноро сохтем. Кормандон пул ҳам ҷамъ карда буданд барои сохтмони манзилҳо ва ба 86 корманд манзил дода шуд. Ҳоло намефаҳмам, ки дар ин ҷо чи вазниние шудааст. Дар мавриди тақсими манзилҳо, ҳам комиссияи якҷояи Академия ва Иттифоқи касаба кор кардааст ва ин ҷо ягон хатоии ҷиддиеро намебинад.”

Хабари тақсими нодурусти манзил ва тафтиши Оҷонсии зидди фасоди молӣ охирҳои моҳи декабри соли гузашта, пас аз он расонаӣ шуд, ки Мамадшо Илолов, Мӯъмин Қаноат, Гулрухсор Сафиева ва Мӯсо Диноршоев ба Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, нома фиристода, хостори ҳалли одилонаи қазияи Зайд Саидов - соҳибкор ва вазири пешини саноат шуданд. Муаллифони ин нома ба раисиҷумҳур гуфта буданд, бовар доранд, ҷуз дахолати мустақими ӯ ба қазияи Зайд Саидов илоҷи дигаре дар таъмини риояти қонун ва дарёфти ҳақиқат нест.

Мамадшо Илолов ҳашт соли охир раёсати Фарҳангистони улуми Тоҷикистонро бар ӯҳда дошт ва дар оғози моҳи декабри соли 2013 бо фармони раисиҷумҳур ҷояшро ба Фарҳод Раҳимов -- собиқ муовини аввали вазири маориф дод. Оқои Илолов дар гузашта вазири меҳнат низ буд.


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
дуруст мухтарам илолуф чавонхо дар берун хоб мераванд
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Акай Илолов хаму хатибе дар вохури аз чаноб китъаи замин барои масчид талаб кард, чаноб чи гуфт? Раиспалкома ЧОРАША ДИДА БАРОЕД!!! Бечорай хатиб аз хатиби монд. Шумо хам бошед барои кори хака талаб кардед?
Посух додан
  • Точик

  • 17 январ 2014 21:24
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Господин Илолов! Разве у вас самому нету квартиры? Разве ваш личный повар- Зиёд Султонович тоже не имеет квартиры? А как вы коментируете то что ваш заместитель-Мамадназаров получил 4 квартиры из этого дома?
А Ахмедов, Одинаев, Кароматулло Олимов тоже бедные?
Разве секретарши имеют больше прав чем молодых ученых?
Так что ваши комментария не выдерживают никакой критики. А журналистам рекоммендую в следующий раз спросит у Илолова вот эти вопросы и потом посмотрим как он на это отреагирует.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Да, я полностью с Вами согласен, в этом деле Илолов тоже замешан. Без его согласия и личного подписи Мамадназаров бы не смог провернуть эту аферу.
Посух додан
  • Azam

  • 24 январ 2014 05:37
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Molodec Dr Ilolov

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!