Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 8 декабр 2016, 08:56

Номаи тоҷикони Қирғизистон барои ҳалли низои марзӣ

18 январ 2014, 11:36

Иттиҳоди тоҷикони Қирғизистон ба номи Рӯдакӣ бо нашри як муроҷиатнома унвонии мардум ва ҳукуматҳои Қирғизистону Тоҷикистон гуфтааст, вазъи баамаломада бидуни дахолати тарафи сеюм бартараф мешавад.

Дар муроҷиатнома, ки зери он имзои Мухтор Додоев, президенти Иттиҳоди тоҷикони Қирғизистон гузошта шудааст, гуфта мешавад, садсолаҳо ба ин тараф мардуми Қирғизистон ва Тоҷикистон дар ҳамсоягии якдигар ва дар фазои дӯстӣ, бародарӣ ва якдигарфаҳмӣ зиндагӣ мекунанд. "Дар аҳди Шӯравӣ ва замони соҳибистиқлолӣ қирғизҳо ва тоҷикон анъанаи гузаштагони худро ҳифз карда, дар тамоми масъалаҳо ба созиш мерасиданд",-гуфта шудааст дар муроҷиатнома.

Дар идомаи он мехонем, “мо, тоҷикони дар замини пурфайзи Қирғизистон зиндагӣ дошта, ҳамеша бо некбинӣ ба оянда нигоҳ кардаву нигоҳ мекунем. Иттиҳодияи мо аъзои Ассамблеяи мардуми Қирғизистон аст ва ҳамеша аз ҷониби он пуштибониро эҳсос мекунад. Ҳукумати Қирғизистон барои ҳифз ва рушди забони модарӣ, фарҳанг ва анъанаҳои гузаштаҳо шароити мусоидро фароҳам овардааст. Бародарони қирғизи мо ҳам дар замини Рӯдакии бузург дар ҳоли амн ба сар мебаранд. Аз ин рӯ, мо тоҷикони Қирғизистон низои дар марзи муштараки ду кишвар ба вуқӯъомадаро бо дард қабул кардем. Мо медонем, ки бархе проблемаҳоро аз Шӯравӣ мерос гирифтаем ва баҳси замин ба осонӣ ҳал намешавад. Аммо умед дорем, танҳо бо роҳи музокирот ва ҳамдигарфаҳмиву эҳтироми тарафайн мешавад аз вазъият берун шуд”.

Иттиҳоди тоҷикони Қирғизистон аз мардуми ду кишвар даъват кардааст, ки сабуру таҳаммулпазир бошанд. “Бовар дорем, ки ҳукуматҳои ду кишвар барои ҳалли ҳарчи зудтари вазъи баамаломада бидуни талоши тарафи сеюм чораҳои зарурӣ меандешанд”.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • точик

  • 19 январ 2014 19:12
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Басаст сабру тахамул аз давраи Чингизу Темрланг сабр кардем чи шидем.Камтари дигар сабр кнем боз як миллати аз аксаи Чингиз пайдо шида сари Точик мебурад.
Посух додан
  • сауд

  • 20 январ 2014 10:26
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
рубох ки монд дар марз дигар шаголхо хамлааш мекунанд мардуми точик махалчигиро як тараф монеду мансаба ба одамхой сазовор дихед дар марз дигаар хамаш хешу таборхой калоншавандахои муфтхур хамааш сум чамкуни омадаан садои тира фахман то душбера кокс метан

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!