Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 8 декабр 2016, 10:53

Романова мегӯяд, “кӯдакони ғайриодӣ” аз сайёраи дигар нестанд (ВИДЕО)

18 январ 2014, 13:07

Олга Романова, табиби генетик, таваллуди “кӯдакони ғайриодӣ” ё “оҳанӣ” дар Тоҷикистонро дар гуфтугӯе бо хабарнигори “Озодагон” шарҳ дод. Хонум Романова мегӯяд, ин гуна тифлон, чи хеле баъзеҳо гумон мекунанд, аз сайёраи дигар набуда, балки кӯдакони одиянд, ки танҳо дар батни модарашон рушд накардаву ба ин ҳол афтодаанд.

Ин шабу рӯз дар Ютюб (YouTube) наворе бо номи “Таваллуди кӯдаки ғайриодӣ дар Тоҷикистон” мечархад, ки бисёриҳоро ба баҳс кашидааст. Ин навор ҳанӯз моҳи декабри соли 2012 дар Ютюб гузошта шуда, вале тоза ба шабакаҳои иҷтимоии тоҷикӣ кашида шудааст. Бар изофаи садои кӯдак, дар ин навор, гуфтугӯи табибон шунида мешавад, ки миёни ҳам бо забони тоҷикӣ ҳарф мезананд ва яке аз табибон мегӯяд, тани кӯдак мисли оҳан аст.



Олга Романова мегӯяд, чунин кӯдакон барои зиндагӣ кардан омада нестанд ва барои ҳамин зуд мефавтанд. “Баъзеҳояшон дар лаҳзаҳои аввали таваллуд, баъзеҳои дигар дар давоми рӯз, гоҳо ҳатто пас аз як сол ё бештар аз он, ба муҳити атроф тоб наоварда мефавтанд. Пас аз таваллуд, системаҳои гуногуни бадан ба мутобиқшавӣ ба муҳити нави берун аз батн оғоз мекунад, аммо вақте низомҳои идоракунандаи ин раванд ҳис мекунанд бадан аз уҳдаи ин кор бар намеояд, “ақибнишинӣ” мекунанд ва дар натиҷа организм аз кор мемонад”,-афзуд мусоҳиби мо.

Хонум Романова дар идома гуфт, тифле, ки навораш дар Ютюб мечархад, зоҳиран берун аз Душанбе таваллуд шудааст. Ба қавли ӯ, кӯдаконе, ки бо чунин камбудҳо таваллуд мешаванд, дар Тоҷикистон кам нестанд. “Аммо ҳолати ин кӯдаки дар наворбударо бори аввал мебинам. Бар хилофи гуфтаҳо, аломатҳои рӯю бадани кӯдак ба ихтиоз монандӣ надорад, чун дар сурати бемории ихтиоз, пӯст бояд дида шавад, ки ман онро намебинам”,-мегӯяд табиб. Қаблан, ба “Озодагон” гуфта буданд, ин кӯдак бо бемории мавсум ба ихтиоз таваллуд шудааст.

Табиби генетик Олга Романова мегӯяд, оҳанӣ будани кӯдак низ дуруст нест. Вай дар шарҳи ин масъала афзуд, “баъзан ҳолатҳои камбуди равған дар ягонРоманова мегӯяд, “кӯдакони ғайриодӣ” аз сайёраи дигар нестанд (ВИДЕО) қисмати бадан вомехӯрад, ки яке аз сабабҳои сахт шудани пӯсту мушак метавонад бошад. Ҳамчунин, пӯсти ин кӯдак метавонад зич шуда бошад. Косахонаи сари кӯдак дар ҳолати моҳи сеюми ҳомиладорӣ аз инкишоф бозмондааст, ки шакли чашму бинӣ, рӯй ва шакли устухонҳои косаи сар далолат медиҳад. Системаи марказии асаб низ тақрибан ҳамроҳи устухонҳо аз инкишоф бозмондааст. Осебҳои вазнини системаи марказии асаб, халали инкишофи мағзи сар дида мешавад.”

Хонум Романова мегӯяд, намедонад, чунин наворҳо аз кадом тариқ ба шабакаҳо роҳ ёфта, баъзе аз сокинонро дар ҳолати тарсу навмедӣ нигоҳ медоранд. Фақат ӯ хост, сокинон аз ин ҳол нигарон набуда, бидонанд, ки гоҳе чунин тифлон ҳам ба дунё меоянд ва агар дар гузашта ин ҳама пинҳон мемонд, вале ҳоло мобилу интернет онро "рӯи об мебарорад".


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!