Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 6 декабр 2016, 05:44

Бозхонӣ шудани таронаи Далер Назаров аз сӯи Королев

20 январ 2014, 09:40

Дар Интернет навори бозхонӣ шудани як таронаи маъруфи Далер Назаров аз сӯи як укроинӣ ором ором теъдоди бинандаҳояшро бештар мекунад.

Владимир Королев қабл аз иҷрои тарона чанд ҷумла бо забони тоҷикӣ суҳбат мекунад: "Ассалому алайкум дӯстони азиз. Ман Владимир Королев аз Мариупол, Украина. Мо аз Тоҷикистон, аз Душанбе. Имрӯз ба Шумо ман таронаи "Чак-чаки борон"-и Далер Назаровро месароям".

Баъдан, бо русӣ мегӯяд, ки "забони тоҷикӣ аз қадимтарин забонҳоест, ки Умари Хайём бо он назм офаридааст".

Ба гуфтаи Королев мусиқии Далер Назаровро на бо ҳадафи тиҷорӣ истифода кардааст.



Маврид ба тазаккур аст, ки таронаи “Чак-чаки борон”-и Далер Назаров ба Ҷурабек Ҷураев, кӯдаки 6-солаи узбак ҳам шуҳрати зиёд овард. Баъди пайдо шудани навори бозхонӣ кардани таронаи мазкур дар интернет Ҷурабекро ба барномаи солинавии “Сегодня вечером с Андреем Малаховым”-и шабакаи аввали Русия даъват карданд.

Навори видеоии Ҷурабек Ҷураев моҳи июни соли 2013 дар интернет пайдо шуда, дар Тоҷикистон низ тамошобини зиёд пайдо кард.


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Офарин. Бисёр хам хушу форам сароидааст.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Мо Ориёӣ ҳастем. Забони мо забони ҷаҳонӣ шуда истодааст. Бубинед, украинҳову ӯзбекҳо ба воситаи забони мо шӯҳрат пайдо карда истодаанд. Дигар коре надоред, "Озодагон"? Айб аст, айб. Ин чӣ шеър аст, ки бо чунин оҳанг суруда мешавад? Чӣ маъно дорад ин шеър? Яке аз сабабҳои ба майдони санъат омадани сарояндаҳои "фач" ана ҳамин гуна шеърҳоянд. Ҳозир ҳамин қадар бас. Ҳаминашро чоп кунед. Ман бинам, ки кӣ чӣ мегӯяд.
Посух додан
  • DNF from TJ

  • 20 январ 2014 23:06
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Илҳом,
Илҳом,
чавоби ахмакон сукут
Посух додан
  • Вайс

  • 21 январ 2014 10:22
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
ба Илхом
"забони тоҷикӣ аз қадимтарин забонҳоест, ки Умари Хайём бо он назм офаридааст".
эътироф бояд намуд санъату истеъдоди устод Далер Назарро, ки миллати Точикро хамчун миллати бофарханг ба чахониён муарифи менамояд, на чун Равшану Чамшуд...
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
О вақте ки забони тоҷикӣ ин қадр қадим асту "Хайём бо он назм офаридааст", Устод Далер Назар як шеъре сарояд, ки далели гуфтаҳои боло бошад. Ҳатто шеъри "Пахта-пахтаҷон пахта, рӯида чун гулдаста, дар чамани колхозҳо, Кушода раста-раста" аз ҷиҳати вазну маъно аз "чак-чаки борон" беҳтар аст.

Ба он бародаре, ки "ҷавоби аҳмақон сукут гуфтааст", ҳаминро гуфтаниям, ки чун аз шеър хабар надорӣ, бояд дар ин мавзӯъ ҳарф назанӣ, вагарна худат аҳмақ мешавӣ. Садқаи Хайём шавед!
Посух додан
  • Ser

  • 24 январ 2014 10:03
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Бигзор сароидан гиранд. Бубинед Королев бо чи самимияте нисбати забони точики сухан мегуяд. Ба бузургии забони точики шубха доштан, далели аблахист!!! Аммо бо он хама эхтироме, ки ба ин забону ин миллат дорам, хаминро бояд гуфт, ки бо як шеъру шоири на-ме-ша-вад!!! Замони илму техника ва коинот аст. Он чо ба Кайхон парвоз доранду, баъзехо ифтихор доранд, ки ким-кадом кудаки узбаке суруди Далерро гулу даронда хондааст. Ман хам суруди уро шунидаму тамошо кардам ва аз рости, ки ба ин кудак рахмам омад. Хамин хел хондан гирад, баъди чанде хатман, маро бубахшед, лозим меояд, ки гулуву боз ягон чои дигарашро чаррохи бояд кард.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Аз руи адолату инсоф, агар нигарем, моли шахсеро аз худ кардан гунох аст. Шеъру суруд хам сохиб дорад. Таронае, ки мансуб ба Далер Назаров аст ва ба хакикат, оханги нотакрору маргубе дорад, шахсони дигарро шухратёр кардааст. Он фард, хох узбак бошад, хох украини, хак надошт, ки бе ичозаи расмии сохиби суруд онро аз худ кунад, тавре мегуянд, ин одамон "ба оши тайёр бакавул шудаанд". Аз дидгохи конунхои амалкунандаи чумхури ва хам байналмилали ба ин масъала назар афканем, мебояд шахсоне, ки моли Далер Назарро тасарруф кардаанд, дар назди конун бояд чавобгар шаванд.

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!