Бахшҳо

“Elaph”: Навраси 9-солаи тоҷик дар ҷанги Сурия тарҷумонӣ мекунад

Торнамои арабзабони “Elaph” бо нашри як матлаб аз истифода шудани нерӯи кӯдакон дар нооромиҳои дохилии Сурия шадидан ибрози нигаронӣ карда, аз ҳузури кӯдакони нобилиғи тоҷик дар ин танишҳо хабар додааст.

Ин торнамо навиштааст, ҳоло дар навоҳии гуногуни Сурия тамрингоҳҳои низомии хурду бузург ташкил ёфтааст, ки дар он кӯдакони ноболиғ ҳузур дошта, барои онҳо тарзи истифодаи силоҳ омӯзонида мешавад. Ба навиштаи муаллифи ин матлаб, ки аз худ Ромӣ Сувайд ном бурдааст, гӯиё ин тамрингоҳҳои ҳарбӣ марбут ба нерӯҳҳои мусаллаҳи тозаташкиле мебошанд, ки алайҳи ҳукумати Башшор Асад меҷанганд.

Муаллиф мегӯяд, дар ҷанги дохилии Сурия, кӯдакон аз кишварҳои Осиёи Марказию дигар давлатҳо, аз ҷумла Қирғизистону Узбакистон, Тоҷикистон ва Малайзия иштирок доранд: “Албатта, ин кӯдакон фарзандони ҳамон “ҷанговарони варзида”-и ин кишварҳо мебошанд, ки ҳоло алайҳи ҳукумати феълии Димишқ мубориза мебаранд.”

Ромӣ Сувайд дар матлаби худ аз як навраси 9-солаи тоҷик, ки ӯро Аҳмад ном мегирад, ёдовар шуда, мегӯяд, ҳарчанд синну соли Аҳмад барои ҷангидан имкон намедиҳад, вале ба ҳар сурат ӯ дар нооромӣ бо адои вазифааш нақши худро дорад: “Аҳмади 9-сола, ки дар баробари донистани забони модарияш-тоҷикӣ, бо забонҳои туркию арабӣ ва русӣ озод ҳарф мезанад, барои ҷанговарони чечену турк, ки забони арабиро балад нестанд, тарҷумон аст. Ӯ дар лаҳзаи лозимӣ зуд назди онҳо ҳозир шуда, тарҷумонӣ мекунад ва дар лаҳзаҳои дигар бо рафиқонаш дунболи бозиҳои кӯдакист.”

Ҷанги шаҳрвандии Сурия аз баҳори соли 2011 ба ин сӯ идома дорад. Ин нооромӣ дар пайи эътирози бархе аз сокинони ин кишвар алайҳи ҳукумати Башшор Асад, ки аз соли 2000 инҷониб қудратро дар даст дорад, ба миён омад. Баъдан ба задухурди мусаллаҳона миёни нерӯҳои ҳукуматӣ ва мухолифон табдил ёфта, то имрӯз садҳо нафар аз мардуми осоишта дар ин ҷанг ба ҳалокат расидаанд.

Қазияи ҳузур ва иштироки шаҳрвандони Тоҷикистон дар нооромиҳои дохилии Сурия ба як масъалаи баҳсбарангез ва нигаронкунанда табдил ёфтааст. Ахиран Сергей Смирнов, муовини аввали раиси ФСБ-и Русия, гуфт, мушкили кирояи ҷангҷӯён дар тамоми кишварҳои Созмони ҳамкории Шанхай, аз ҷумла Тоҷикистон ҷой дорад. Ба гуфтаи ӯ, аз Тоҷикистон, Қирғизистон, Чин, Қазоқистону Узбакистон низ ҷангҷӯёни кироя алайҳи ҳукумати Сурия меҷанганд. Аз сӯи дигар, Аҳмад Бадриддин Ҳассун, муфтии аъзами Сурия гуфта буд, теъдоди тоҷикон, ки дар ин кишвар алайҳи ҳукумат меҷанганд, 190 нафар арзёбӣ мешавад. Ахиран Додгоҳи олии Тоҷикистон низ се ҷавони тоҷикро ба иттиҳоми иштирок дар муборизаҳо алайҳи ҳукумати Башор Асад дар Сурия ба муҳлати ду солӣ маҳкум ба зиндон кард.

Кумитаи дини Тоҷикистон низ дар ҷамъбасти фаъолияти нимсолаи соли равон гуфт, дар давоми солҳои ахир дар ҷангҳои Афғонистону Покистон ҳудуди 11 шаҳрванди Тоҷикистон ва сеи дигар дар Сурия ба ҳалокат расидаанд. Ба гуфтаи Мавлон Мухторов, муовини раиси ин ниҳод, теъдоди шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар ҷангҳои бегонагон ба ҳалокат расидаанд, шояд аз ин ҳам зиёд бошад: “Ин 14 нафар танҳо онҳое мебошанд, ки ному насаб ва ҳуввияти миллиашон муайян карда шудааст.”
Мӯҳр
52
кудаке мегашт бо куттии худ дар хиебони лаби бахри кабуд инро м.турсун-зода кайхо пешгуи карда буд

Бародарону хоҳарони гиромӣ!

Агар Россия ва Америка хоҳанд, ки ин ҷанг дар Сурия ба охир расад, ним соат бештар вақт лозим нест. Лекин, мутаассифона, ин ду хоҳони идомаи ҷанганд. Масъала сари як ё ду тоҷику ӯзбек нест. Биёед як бор бишинему аз биниамон дуртарро бубинем.

Эй Худо! Ҷаҳонбинии мо ин қадар танг аст. Мисли кӯдак ҳам ақл надорем.

Бародаро харкас, ки забони арабиро донад метавонад аз ҳамин унвон ин мақоларо хонад:(https://www.elaph.com/Web/NewsPapers/2014/1/869539.html)

Ман дияяяя
Оо ин точикон дар хамон чойхо хам рафтаанд чи? Ээхааа... Хайр дар Точикистон барк нест, хама бекор. Дикат шуда бошанд 1 чарх зада Сурияба рафтаанд даа.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)