Бахшҳо

Ифшои 33 қиморхона ва афзоиши ҷабрдидаҳо дар Тоҷикистон

Додситонии кулли Тоҷикистон мегӯяд, вақтҳои охир дар кишвар афроди алоҳида бо сӯиистифода аз иҷозатномаҳои Вазорати молия барои ташкилу нигоҳдории хазинаҳои тотализатор, идораҳои букмекерӣ ва бозии лото, ғайриқонунӣ автоматҳо насб карда, қиморхонаҳо ташкил мекунанд.

Тибқи иттилои Додситонии кулли Тоҷикистон , тайи соли 2013-ум зимни санҷишҳои муштарак бо Вазорати молия, фаъолияти 33 адад чунин нуқтаҳо ошкор ва қатъ карда шуд: “Аз ҷумла то имрӯз 8 парвандаи ҷиноятӣ оғоз шудааст. Бо вуҷуд ҳоло ҳам ҳолатҳои зиёди бе иҷозатнома фаъолият намудани чунин нуқтаҳо дар шаҳрҳои Хуҷанд, Қӯрғонтеппа, Норак, Турсунзода, Ваҳдат, ноҳияҳои Рӯдакӣ, Бобоҷон Ғафуров, Ҳисор ва Ёвон ҷой доранд.”

Манбаъ таъкид мекунад, ки афзоиши қиморхонаҳо ва насби автоматҳо дар Тоҷикистон дар ҳоле майли афзоиш доранд, ки фаъолияташон дар Русия маҳдуд шудааст: “ Дар ин нуқтаҳо аксар ноболиғон ва шахсони зудбовару сабукфикр машғули бозӣ шуда, маблағҳои калони пулӣ бой медиҳанд.”

Додситонии кули Тоҷикистон таъкид мекунад, ки муборизаро дар соли нав бо ин зуҳуроти манфӣ пурзӯр мекунад.
Мӯҳр
Иктибос аз Кодекси чиноятии Чумхурии Точикистон.
Бо вуҷуд ҳоло ҳам ҳолатҳои зиёди бе иҷозатнома фаъолият намудани чунин нуқтаҳо дар шаҳрҳои Хуҷанд, Қӯрғонтеппа, Норак, Турсунзода, Ваҳдат, ноҳияҳои Рӯдакӣ, Бобоҷон Ғафуров, Ҳисор ва Ёвон ҷой доранд.”
Чи хел бе ичозатнома дар холате, ки ташкил ва нигохдории киморхона (казино), мизу автоматхои бози бо бурди пули кирдори чинояти мебошад. Редаксия сухани Прокурори генералии ЧТ-ро нодуруст овардааст. Прокурори генерали дар холати надоштани ичозатнома дар шаҳрҳои Хуҷанд, Қӯрғонтеппа, Норак, Турсунзода, Ваҳдат, ноҳияҳои Рӯдакӣ, Бобоҷон Ғафуров, Ҳисор ва Ёвон фаъолияти ташкилу нигоҳдории хазинаҳои тотализатор, идораҳои букмекерӣ ва бозии лоторо дар назар дорад, на автоматхои бози бо бурди пули.

Иктибос аз Кодекси чиноятии Чумхурии Точикистон.
Моддаи 240. Ташкил ё нигохдории киморхона (казино), мизу
автоматхои бози бо бурди пули
(Конуни ЧТ аз 29.03.2009 № 487)

Ташкил ё нигохдории киморхона (казино), мизу автоматхои бози бо
бурди пули,-
бо махрум сохтан аз озоди ба мўхлати аз шаш то хашт сол чазо дода
мешавад (Конуни ЧТ аз 29.03.2009 № 487, аз 13.06.2013 № 966).

Салом Озодагон !

гап дар бораи киморхонахо меравад гуфта мешавад ки катъ карда шуданд рахмати калон ба он касоне ки ин корро кардаистодаанд ва бояд гуфта шавад ки дар Точикистон боз дигар воситахои фиреб киморхонахо вучуд доранд ба мисли букмейкери ( book-maker) хо ки садхо чавонон дар он чо вактхои худро мегузаронанд

саволи ман ин аст ки ое киморхонахои букмейкери киморхона нестанд?

не вае ба давлат фоида мебиеран, барои хамин киморхона нестан

javob ba sovoli mahmadullo!

Agar kimor meshud bukmekerhoi ba monandi bwin bet365 betfair dar tamomi evropa va amriko ozodona faoliyat mekard,vakte ki kasinoho bastaand

mahmadullo,

Махмадуллои чун, барои чавоб ёфтан ба саволи худ, аввал маънои букмекерро фахмидан лозим, аз дусти ман пурс, номаш Google, ягон вакт дуруг намегуяд.
Идорахои букмекери дар тамоми чахон фаъолият мекунанд ва кори онхо аз тарафи ягон давлат манъ нашудааст.
Букмекерхои калони чахон BWIN BETFAIR BET365 Бетсити кору фаъолият доранд, Биржахо кор мекунанд

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)