Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 19:16

Боздошти 2 масъули гумрук барои "мансабфурӯшӣ"

22 январ 2014, 16:16

Оҷонсии мубориза бо фасоди Тоҷикистон ду мансабдори Хадамоти гумрукро барои фасодкорӣ боздошт намудааст.

Ба иттилои дафтари матбуоти ин ниҳод Шарифхон Носиров, сарнозири дидбонгоҳи гумруки "Регар" барои гирифтани пора ба маблағи 13 000 доллари амрикоӣ боздошт шудааст.

Манбаъ мегӯяд, Носиров дар ҳамдастӣ бо Анвар Хоҷаев, сардори дидбонгоҳи гумрукии Раёсати минтақавии гумрукӣ дар Душанбе барои таъинот ба вазифаи сарнозири дидбонгохи гумрукии "Регар"- дар шаҳри Турсунзода маблағи 15 000 доллари амрикоиро ҳамчун пора талаб намудаанд.

Оҷонсии зидди фасод меафзояд, ки рӯзи 21 январ зимни гузаронидани ҳаракати тафтишотию фаврӣ Шарифхон Носиров, баъд аз гирифтани пора ба маблағи 13 000 ҳазор доллар дастгир гардид. Ин ниҳод таъкид мекунад, ки аз боздоштшуда далелҳои шайъӣ гирифта шуда, айни ҳол тафтишоти пешакӣ идома дорад.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Фармасевт

  • 22 январ 2014 18:05
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Офарин мухтарам Фаттох Саидов, барои ин амалиёти гузаронидаатон мукобили ришвагирон дар Хадамоти гумрук. Агар ин амалхоро мукобили кормандони Халамоти назорати фармасевти хам мегузаронидед, бехтарин кор мешуд. Кормандони ин Хадамот пурра аз худ рафтаанд ва доим аз мо сохибкорон мачбури ришва меситонанд.Ягона умеди мубориза мукобили порагирон Шумоед.
Худованд Шуморо дар панохаш нигох дорад
Посух додан
  • абдуллох

  • 22 январ 2014 18:32
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
бадтарини мардум дар назди худо бочгиронанд
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Арзон будаст )
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Худо доност ки чи кор мекунад паставит кадан шери нара Ака Анвара
Посух додан
  • Гоиб

  • 15 март 2015 22:04
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Бубинед ин худаш танхо нест хатман сардорони болои олудаанд лек афсукс зури очонси ба ин мансабдорон намерасад.

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!