Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 6 декабр 2016, 10:46

Сафари Шувалов ба Душанбе ва дидораш бо Эмомалӣ Раҳмону Расулзода

23 январ 2014, 10:21

Игор Шувалов, муовини аввали нахуствазири Русия дар доираи як сафари расмӣ шоми 23 январ вориди Душанбе мешавад.

Муовини аввали нахуствазири Русия дар ҷараёни ин сафараш ба Душанбе нахуст бо Қоҳир Расулзода, сарвазири Тоҷикистон субҳи 24 январ мулоқот хоҳад кард. Инчунин номбурда баъд аз ин мулоқот қарор аст, дар ҷаласаи 12-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Русия оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ иштирок кунад.

Интизор меравад, муовини аввали нахуствазири Русия худи ҳамон рӯз 24 январ бо Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон низ дидор ва гуфтугӯ намояд.

Бино ба иттилои манобеи хабарӣ, сафари расмии Игор Шувалов ба Душанбе як рӯз идома ёфта, шоми 24 январ ба ватан бармегардад./size]


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
тенчи боша мегум бо ягон чзак талаб накна хубай гшна монан мееян ане

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!