Бахшҳо
23 янв 2014 11:39Тоҷикистон / Сиёсат / Акс

АКС: Мақомот нагузоштаанд, брифинги Ҳусайнӣ дар Суғд баргузор шавад

Як ҳайати муташаккил аз кормандони оташнишонӣ, Кумитаи дин ва Хадамоти санитарӣ имрӯз, 23 январ, ба дафтари ҲНИТ дар вилояти Суғд ташриф оварда, дари толорҳои дафтарро муҳр задаанд.

Илҳомҷон Ёқубов, раиси дафтари ҲНИТ дар Суғд дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, субҳи 23 январ як ҳайат аз ҳисоби кормандони оташнишонӣ, Кумитаи дин ва Хадамоти санитарӣ ба дафтар ҳозир шуда, дар пайи бозрасии бинои шуъба, дарҳои толори онро муҳр зада, нерӯи барқро хомӯш карданд.

Ба гуфтаи ӯ, ин иқдом дар ҳоле сурат гирифтааст, ки қарор буд, имрӯз 23 январ нишасте дар робита ба қазияи Умедҷон Тоҷиев, узви боздоштшудаи ҲНИТ, ки 19 январ дар бемористони боздоштгоҳи Хуҷанд аз дунё даргузашт, таҳти раҳбарии Сайидумар Ҳусайнӣ, муовини аввали раиси ин ҳизб баргузор шавад. Раиси дафтари ҲНИТ мегӯяд, сабаби баста шудани толорҳоро мақомот дар вуҷуди баъзе аз камбудҳои ҷузъӣ дар бинои дафтар шарҳ додаанд. Аммо ба қавли ӯ, бархе аз аъзои ҳайат, ки нахостанд, номашон ифшо шавад, гуфтаанд, ин иқдом бо “дастури боло” сурат гирифтааст.

Баста шудани дари толорҳои дафтари ҲНИТ дар Суғд бори аввал нест, охирҳои моҳи апрели соли гузашта низ як ҳайати 15-нафарӣ аз ҳисоби кормандони амният, оташнишонӣ, Кумитаи дин ва Хадамоти санитарӣ ба дафтар ҳозир шуда, дар пайи як бозрасӣ дари толори ҷаласаи онро муҳр зада буданд.


АКС: Мақомот нагузоштаанд, брифинги Ҳусайнӣ дар Суғд баргузор шавад

АКС: Мақомот нагузоштаанд, брифинги Ҳусайнӣ дар Суғд баргузор шавад


АКС: Мақомот нагузоштаанд, брифинги Ҳусайнӣ дар Суғд баргузор шавад

АКС: Мақомот нагузоштаанд, брифинги Ҳусайнӣ дар Суғд баргузор шавад
Мӯҳр
Иззат Амон
Ана нишонаи демократия. Баъди ин хам шояд раиси додгох гуяд ки парвандаи Зайд Саид фармоиши набуд? Он чи дар сарконуни кишвар омадааст (Точикистон давлати ягона) комилан дуруст аст, зеро чунин давлате дар дунё нест ки макомоташ бо хамоханги омада дафтари хизби мухолифро куфл зананд. Офарин

56
ХНИТро пурра зачумарит кардаанд. Хукуматдорон умуман ХНИТро писанд намекунанд. Тахаммул карда гаштан гиред. Е хубаш умуман хизбатонро махкам кунед, ки шарманда шудед. Ки аз паси хамин гуна хизби бе лабу дахану бе сиесат меравад?

Абу Осия
Эххх мансабдорон шумо дарро мухр мезанед намедонед, ки Аллох дилхои шуморо мухр задааст.

Ману ту
Алакай аз мухри задаашон бесаводи маълум шуд. Мухри расми аввал 23.01.2013 навишта шудааст.

Кабири то он даме ки бо малоикахои саволу чавоб ру па руй нашиди сабр намо гуруру номуси ХНИТ ро шикасти

Давлатдор
Мӯҳронида шуд?????!!!! Аҷиб, феъли нав дар забони тоҷикӣ!!! Ин тарҷумаи таҳтуллафз аз "опечатано" -и русӣ аст. Ана босаводии шумо, бародарони мансабдор!!! Сол нав шуду аммо шумо нав нашудед, ҳоло ҳам дар соли кӯҳна (2013, ниг ба навиштаи зери "мӯҳронида шуд") ва бо тартиби кӯҳна зимдомдорӣ мекунед. Айб, айб, ҳай, ҳай....

исфараги
Ин зурхо факат барои даруни точикситон мухр мезананд кани зуриатонро бо киргизхо кунед

Точикак
Мухронида шуд, эээ вооой, охир хамин аст давлату давлатдории точикони нави асри 21. Чи шуда бо мо чони бобо - ту напурсу ман нагуям.Хайр равед, ки хизб ягон коидаи санитари ё оташнишониро вайрон кард, пас кумитаи дин ба ин чи дахл дорад? Ё барои фатвои амали коргарони давлат омада МУХРОНИДА рафтанд?
Точикам дар ватани хеш чаро мутаххам аст...?

шахид
Салом ба нахзатиён.......... ва суст машавед ва андухгин мабошед ва агар муъмин хастед шумо голибед......рост гуфт худованди бисёр бузург.........ин аъмоли хукумат нишонай заъфу тарсу вахми онхо мебошад,ки худованд дар калби онон андохта.........ба худо онхо аз нуфузи нахзат дар чомеа намедонанд чи кор кунанд боз ба чи амали нестандарчахон дар бизананд ........

Гумном
Сад кушиш накунед ....Дини Худо Пируз буд - хаст - ва мемонад !!!

Абу Осия,
Хар кушише ки нашавад Дини Худо Хак ва Пируз буд , хаст ва мемонад !!!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)