Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 3 декабр 2016, 05:21

Қазияи Зайд Саидов дар Брюссел баррасӣ мешавад

23 январ 2014, 12:28

Иззат Амон, раиси Иттиҳоди ҷавонони Тоҷикистон дар Русия, мегӯяд, дар доираи конфронси «Мухоҷирати корӣ аз Осиёи Марказӣ ба Русияю Туркия ва мушкилоти онҳо» дар шаҳри Истанбул, қазияи Зайд Саидов, соҳибкори маҳкумшуда ба 26 соли зиндонро низ ба миён гузоштааст.

Иззат Амон дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, аз ҷумла қазияи Зайдро бо коршиносони байналмилалӣ ва дипломатҳои аврупоӣ баррасӣ кардааст: "Бо сафири Швейтсария дар Тоҷикистон, ҷаноби Ake Petterson дар бораи нақзи ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандон дар Тоҷикистон суҳбат кардем. Ман ба сафир расондам, ки дар Тоҷикистон, ҳуқуқи конститутсионии шаҳрвандон поймол мешавад, ҷасади маҳбусони шиканҷашударо аз зиндон берун мекунанд, аммо институту ташкилотҳои Иттиҳоди Аврупо, ки масъули назорат ва ҳимояи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистонанд, хомӯширо ихтиёр кардаанд.”

Иззат Амон аз қавли сафири Швейтсария дар робита ба қазияи Зайд Саидов гуфт, “фармоишӣ будани ин парвандаро тамоми дунё медонад ва мо низ роҳҳои ҳалли ин мушкилро ҷуста истодаем».

Раҳбари Иттиҳоди ҷавонони Тоҷикистон дар Русия афзуд, ки ҳамроҳ бо коршиносон ва дипломатҳои Аврупо қарор карданд, барои баррасии қазияи Зайд Саидов дар шаҳри Брюссел як конфронси байналмилалӣ баргузор намоянд.

Зайд Саидов, собиқ вазири саноат, як моҳ баъди эълони азмаш барои таъсиси ҳизби сиёсии “Тоҷикистони Нав” боздошт шуда, охири соли гузашта бо иттиҳоми таҷовуз ба номус, бисёрзанӣ, сӯиистифода аз мансаб ва гирифтани ришва ба 26 соли зиндон маҳкум шуд. Бисёре аз таҳлилгарон мегӯянд, маҳкумияти Зайд Саидов ангезаи сиёсӣ дошта, ба талошҳояш барои ворид шудан ба майдони сиёсат рабт доранд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • рр

  • 23 январ 2014 13:09
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ин гапхо ба чуз сафсатта чизи дигаре нест. Ягон чиз аз дастат реально ояд бикун, не бошад худро пиар накун. Ин дипломатхо имруз ин гапро гуфтанд, пагох аз хотирашон меравад. Ба Зайд кумак кардани боши, бирав дили Путин е Назарбоевро ёб. Гапи ана хамин дуро Рахмонов не намегуяд.
Посух додан
  • Абу Осия

  • 23 январ 2014 13:17
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Барои чи хомушанд?
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ба қавли Иззат Амон сафир Швейтсария дар
робита ба қазияи Зайд Саидов гуфт,
“фармоишӣ будани ин парвандаро тамоми
дунёд медонад ва мо низ роҳҳои ҳалли ин
мушкилро ҷуста истодаем».!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!! Модоме, ки тамоми дунё фармоиши будани ин казияро медонанд пас чаро хомушанд ин кадар созмонхо барои чи фаолият доранд????
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
In sha Alloh ozod meshavi , bad in nomardone ki dar in davom fikr kardan ki tamom , chikheli rui shumora ni go mekada boshan , Sudyaho Prakrorho va kormandoni korupsiya odamone ki khudshona dustoni Zaid megiriftan , in sha Alloh nazdikay in ruzho . charogi zulmu zolim to dami mahshar namesuzad , agar suzad shabi digar namesuzad . In Sha ALLOH
Посух додан
  • Далер

  • 24 январ 2014 21:23
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Салом хидмати ҳамаи хонандагони гиромӣ! дар кишвари азизи мо агар каси маҳбус шавад онҳам ба 26 сол бояд мунтазири ягон муъҷиза буд ва гарна ҳеч иттифоқе аз тарафи на ҳуқуқи башар ва дигарон нахоҳад афтид. ҳуқуқи башар ва созмони милал худ бар нафи худ кор мекунанд на мардум ва халқ. ва то ҳол ин созмонҳо ба нафъи мардум ҳичкоре накарданд. бино барин барои зайд саид бояд як муъҷиза иттифоқ афтад ва гарна дар он зиндох хоҳад монд ҳамон гуна ки барои дигарон пеш аҳ вай иттифоқ афтид ва то ҳол дар зиндон ҳастанд ва тоҳол ҳич пешравии дар парвандаи онҳо набудааст.
Посух додан
  • аминчон

  • 25 январ 2014 10:41
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
холо агар ягон камбагал мебуд барвахт суд хукми вайро мебаровард

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!