Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 10 декабр 2016, 17:42

Маскаву Душанбе қарзи "Барқи тоҷик" аз "Сангтӯда-1"-ро баррасӣ мекунанд

24 январ 2014, 09:44

Мақомоти Маскав ва Душанбе қарор аст, имрӯз 24 январ дар нишасти навбатии Комиссияи байниҳукуматии ду кишвар масъалаи қарзи ширкати “Барқи тоҷик” аз “Сангтӯда-1”-ро ба баҳс кашанд.

Нерӯгоҳи барқи обии “Сангтӯда-1”, ки 75 дарсади саҳмияҳояш моли Русия буда, 15 дарсади нерӯи барқи Тоҷикистонро тавлид мекунад, қаблан бо пахши як иттилоия аз пардохт нашудани қарзҳояш аз сӯи “Барқи тоҷик” нигаронӣ карда буд. Тибқи иттилои масъулини ин неругоҳ, ширкати “Барқи тоҷик” беш аз 427 миллион сомонии маблағи барқи харидорӣ намудаш аз “Сангтӯда-1”-ро пардохт накардааст.

Дмитрий Волков, раиси Шӯрои мудирияи ширкати “Сангтӯда-1” мегӯяд, ҳарчанд “Барқи тоҷик” ҳар моҳ ба маблағи 10 миллион сомонӣ қарзи худро месупорад. Аммо раванди болоравии мизони қарз тағйир намеёбад. Зеро ба гуфтаи ӯ, ҳаҷми барқи содирнамудаи ин ширкат ба сокинони Тоҷикистон дар моҳ аз ин маблағ зиёд аст. Ширкати “Сангтуда 1” нигаронӣ дорад, ки азбаски “Барқи тоҷик” маблағи барқи гирифтаашро сари вақт пардохт намекунад, ин ширкат дар супоридани андоз ба мақомоти тоҷик бо мушкил мувоҷеҳ шудааст.

Ин дар ҳолест, ки қаблан Нерӯгоҳи барқи обии “Сангтӯда-1аз қатъи фаъолияташ ҳушдор дода буд. Масъулини ин неругоҳ гуфтанд, Кумитаи андози Тоҷикистон 29 ноябр суратҳисобҳои бонкии нерӯгоҳро ҳабс карда, 4 декабр аз ин суратҳисобҳо 52 миллион сомонӣ қарзи андозро ба фоидаи давлат рӯёндааст. Мақомоти нерӯгоҳи “Сангтӯда-1” мегӯянд, борҳо ба сохторҳои дахлдори Тоҷикистон муроҷиат намудаанд ва аз ҷумла пешниҳод кардаанд, қарзи андози нерӯгоҳ аз ҳисоби қарзи “Барқи тоҷик” лағв гардад, ки то ҳол қабул нашудааст.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Анушервон

  • 24 январ 2014 10:21
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Вокеъан дар хеч кишваре ба рагми манфиатхои миллии худ 75 фоизи сахмияхои корхонахоро ба ачнабиён намефурушанд.Дар шароити Точикистон ин маънои ба пои худ ишкел задану аз даст додани истиклолияти иктисодист.Истиклолияти иктисоди,ки аз даст рафт,истиклолияти сиёси низ ба сифр баробар мешавад!
Посух додан
  • шарики стротеги

  • 24 январ 2014 15:16
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Оянда ин неругох аз Россия мешавад ин аник аст. Шахсоне ки ин пулро хурдаанд хама медонанд онхоро, онхо ин пулро намегардонанд. Ба чои карз вайро месупоранд. Бе ин хам Точикистон то гушхояш ба карз гутидааст.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Qanda zaned kumitai andoz haminkhel az surathisobashon nogahon qarzashona giriftan giren in Russho ba jonashon mezanad va insho Alloh meravan Ahsan ba shumo

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!