Русский  >>  فارسی  >>  Душанбе 5 декабр 2016, 13:33

Ҷумҳурияту Оила нашрияҳои "бадахлоқ" унвон шуданд

24 январ 2014, 12:25

Шӯрои воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон риояи меъёрҳои ахлоқии журналистӣ дар 43 нашрияи чопӣ ва 10 расонаи интернетии кишварро тайи соли 2013 мавриди омӯзиш қарор додааст. Бар пояи мониторинги Шӯро, ки аз нимаи дуюми моҳи июл то охири декабри соли гузашта гузаронда шудааст, расонаҳо дар Тоҷикистон ба се гуруҳ ҷудо шудаанд.

Гуруҳи аввал ВАО-и солим номгузорӣ шудааст, ки "Нигоҳ", "Рӯзгор", "Фараж", "Озодагон", "Адабиёт ва санъат", "Азия-Плюс", маҷаллаҳои «Бонувон», «Чашма» ва «Навниҳол» шомили он будаанд. Гуруҳи дуюмро гузоришгарон "калаванда" унвон гузоштаанд. “Нашрияҳои «Садои мардум», «Народная газета», «Имрӯз-News», «Минбари халқ», «Тоҷикистон», «Чархи гардун», «СССР», «Миллат», «Ману ту» аз ҷумлаи гуруҳи дуюманд, ки ки гоҳо рӯ ба меъёрҳои ахлоқи касбӣ меоваранду гоҳе аз он берун мераванд”,-гуфтаанд масъулони Шӯрои ВАО,

Таҳиягарони гузориш таъкид мекунанд, ки "гуруҳи сеюми расонаҳо, аз қабили «Ҷумҳурият», ҳафтаномаҳои «Оила», «Муҳаббат ва оила», «Зан ва мард» ва амсоли инҳо ғӯтавари фисқу фуҷур, фаҳш ва пастзанандаи шаъну шараф ва ҳайсиятанд." Шӯрои ВАО таъкид мекунад, шоҳиди бисёр ҳаводисе гардидаанд, ки бинобар риоя накардани меъёрҳои ахлоқӣ журналистон то зинаҳои судӣ (додгоҳӣ) даст ба гиребон гашта, ба нокомиҳо рӯбарӯ омадаанд: “Зеро ҷомеа ҳар рӯз беш аз пештара нозуку ҳушманд гардида, барои ҳимояи шаъну шараф ва ормонҳои милливу фарҳангияш дар талош мешавад”.

Шӯрои ВАО аз нашри бетаҳриру тафтиши иттилоияҳои мақомоти қудратӣ, аз қабили милитсия, амният, суд (додгоҳ)-у прокуратура (додситонӣ) низ интиқод намуда, гуфтааст, бо ин кор расонаҳо ба нақзи меъёрҳои ахлоқӣ роҳ медиҳанд: “Дуруст аст, ки сарчашмаи иттилоъ мақомоти қудратӣ ба шумор мераванд, вале дар паҳн намудану таблиғи ин гуна мавод ВАО саҳмгузор мебошад”. Таҳлилгарон мегӯянд, дар пайи мониторинги Шӯрои ВАО ва ироаи эродҳо нашрияҳои «Чархи гардун», «Тоҷикистон», «Имрӯз-News» ба риояи меъёрҳои ахлоқӣ пардохтанд: “Аммо ҳафтаномаҳое чун «Оила», «Муҳаббат ва оила», «Зан ва мард», барои ислоҳи хеш накӯшиданд. Балки онҳо аз шумора то шумораи навбатиашон чунон илҳом мегиранд, ки қиссаҳои бофтаву дурӯғинашон аз пештара бештар дар гирдоби фисқу фуҷур ғӯтаваранд.”

Дар мавриди рӯзномаҳои ба истилоҳ «давлатӣ» гузоришгарон таъкид мекунанд, ки дар бисёри ҳолатҳо бо пиёда намудани бозиҳои сиёсӣ эҳтиром ба шахс, одоби касбӣ, шаъну шараф ва эътибори баъзе ашхо сарфи назар мешаванд: “Тавассути алфози қабеҳ, калимаю ибораҳои таҳқиромез, аксу тасвирҳои номуносиб, туҳмату паст мезананд. Баробари ин бо ситоишҳои беҷо ва ночаспон, эътимодро ба худ коста мегардонанд.” Шӯрои ВАО дар пайи омӯзиши 5-моҳааш мегӯяд, расонаҳои чопии кишвар бештар бандҳои «Рисолати ВАО ва журналист», «Сареҳияти ахбор», «Ҳифзи манбаи ахбор», «Иффати миллӣ ва эҳтироми фарҳанги ғайр», «Эҳтироми ҳаёти шахсӣ», «Ҳифзи шаъну шараф ва эътибори шахс», «Гузоришҳои барангезанда ва ҳифзи ноболиғон», «Ҷудо будани эҷодиёт аз тиҷорату реклама», «Асардуздӣ», «Ҳамраъйии касбӣ», «Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон»-ро риоя накардаанд.


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ачоиб! ИН Кироншох Шарифзода хама корхои полиграфии хешро дар офиси Чархи гардун омада мекунанду бо Чархи гардун ганда!? Хайр, хамин газетхо беодоба ку пешниход кунед, вазорати фарханг бандад. баъд мебинем кори шурои шумора!
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Офарин ба Шурои ВАО. Вокеан тахлили вокеъбинона аст. Чумхурият вокеан рузномаи бадахлок аст ва вазифааш танхо тахкири гуногунандешон аст
Посух додан
  • Расуд

  • 24 январ 2014 14:44
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Офарин ВАО ба ин Шурой таьсис кардаатон ба ин бахои додаатон Рузномаи ЧУМХУРИЯТ ягона рузномае хаст ки 90 сол боз фаьолият дорад. Гайр аз Рузномаи ЧУМХУРИЯТ дар Ягон рузномахое ки муаррифи кардед маколахои хуб навишта наметавонад ва хатто маьнихам надорад.
Посух додан
  • Дилшод

  • 24 январ 2014 14:53
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Устоди гироми Кироншох Шарифзода! Вокуниши шадидуллахни "Чумхурият"-ро интизор бошед!
Посух додан
  • Э.Рустам

  • 24 январ 2014 15:24
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Хазор дар сад рост гуфтед. Чумхурият танхо рузномаест ки ба чуз ХХДТ ва раисаш хамаи миллатро тахкир мекунад дуруг мегуяд, аз хама бештарин муаллифони дуруггуро дорад ки хатто номашонро метасрсанд зикр кунанд. Факат президентро таърифу тавсифу ба пайгамбариву анбиёиву авлиёи расондан кушиши мекунад. ин рузнома не чанд варакаест ки аз пули мардум чоп ва ба коркунони хукумат мачбури фурухта мешавад хатто ба хочагидорон мачбури дода пулашонро мачбури мегиранд. Аз хама бадтараш ин ки рузномаи давлатист вале кораш сиёх кардани чехрахои миллат ва тахкиру бухтон аст на чизи дигар.
Посух додан
  • Варканд аз Душанбе

  • 24 январ 2014 16:23
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Шурои ВАО як шурои беэътибор ва сохта аст. Ин шуро факат манфиати рузномахои гайридавлатиро химоя мекунад. Дар хаки "Чумхурият" бадгуи накунед, ки забонатон месузад.
Посух додан
  • мурод

  • 24 январ 2014 17:19
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Илохи забони газети чумхурият сузад.
Посух додан
  • Мирзо

  • 24 январ 2014 20:17
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Варзиш спорт чи гуна газета аст нанавистен!
Посух додан
  • murod 2

  • 25 январ 2014 09:21
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Omin omin omin
Посух додан
  • нури

  • 28 январ 2014 14:26
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
чумхурият" ва садои мардум"-у мароми пойтахт" мисли тухмхои палгида хастанд як рангу як буй. агар дар дукон бошанд хатто себфурушхо онхоро намехариданд пусида мемонданд. аммо пулашон аз чайбимардум меомаду ба чайби сохибонапшон медарояд... ягона рузнома ин АЗИЯ + аст рузномаи мардум ва зиёиён....

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!