Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 8 декабр 2016, 05:12

Ҳусайнӣ дар бораи марги Тоҷиев ва шикояти марзбонҳо

24 январ 2014, 14:33

Сайидумар Ҳусайнӣ, муовини раиси Ҳизби наҳзати исломӣ ва вакили парлумони Тоҷикистон, ки тайи як сафар дар Хуҷанду Исфара ва Мастчоҳ қарор дошт, гуфт, то ҳол хулосаи табибон дар бораи марги Умедҷон Тоҷиев, узви зиндонии ҲНИТ-ро, дастрас накардаанд. Оқои Ҳусайнӣ ин ҳарфҳоро дар нишасти хабарии 24 январ дар қароргоҳи ҳизбаш дар Душанбе баён дошт.

Муовини раиси ҲНИТ гуфт, мунтазири он нишастаанд, то бубинанд, ки мақомот барои онҳо дар бораи марги Умедҷон Тоҷиев чӣ хоҳанд гуфт ва баъдан тасмимашонро эълон хоҳанд кард. “Натиҷаи ташхиси тиббӣ то ҳол дастрас нашудааст. Агар ҷавоби расмии бардурӯғ диҳанд, мо нафаре дорем, ки воқеиятро ошкор хоҳад кард. Дар сурати номувофиқ будани ҷавоб ҳатман шикоят хоҳем бурд, аммо натанҳо ба мақомот тоҷик, балки берун аз он”,-афзуд ӯ.

Сайидумар Ҳусайнӣ дар нишасти хабарии худ ба ин масъала ки гӯиё Умедҷон Тоҷиев бар асари бемории шуш фавтидааст, низ дахл кард. Ӯ гуфт, “воқеан, баъд аз истифодаи барқи зиёд дилу шушаш зарб хӯрда, зиён дидааст. Дар сурати ба мо пешниҳод кардани натиҷаи ташхиси номувофиқ мо шикоят хоҳем бурд.” Умедҷон Тоҷиев, ки 30 октябри соли гузашта дар Исфара барои “ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ” боздошт шуда, аммо пас аз ду рӯз худро аз ошёнаи севуми бинои пулиси Исфара ба зер афканда буд, 19 январи соли ҷорӣ дар бемористони боздоштгоҳи Хуҷанд ҷон додааст. Вай ҳамагӣ чанд рӯз қабл аз СИЗО ба бемористон интиқол ёфта буд.

Муовини раиси ҲНИТ дар идомаи сӯҳбаташ гуфт, ҳангоме ки дар Исфара қарор доштанд, ба назди марзбонҳои тоҷик дар маҳалли Хоҷаи Аъло рафта, бо онҳо сӯҳбат ва кумаки аъзои ҳизбро барояшон дастрас кардаанд. Ӯ афзуд, “бо бародарони тоҷик сӯҳбат кардем. Назди марзбонони қирғиз нарафтем, чун дуртар буданд. Ба мо таваҷҷӯҳ карданд, чун то имрӯз мақомоти воломақоми кишвар барои сӯҳбат бо марзбонон нарафта буд.”

Ба нақли Сайидумар Ҳусайнӣ марзбонҳои тоҷик аз он шиква кардаанд, ки ҷониби Душанбе, бахусус парлумон, дар масъалаи марз хомӯшӣ ихтиёр кардааст, дар ҳоле ки марзбонҳои Қирғизистон пайваста тамрин мекунанд ва сокинони наздимарзияшонро берунтар бурдаанд. “Мардуми Чоркӯҳ нигаронанд, ки оқибат чӣ мешавад инҷо. Асли кор дар ин аст ки масъала як миқдор ташаннуҷ дорад ва таҳдидовар аст. Ба ҳар сурат, ман тарафдори он нестам, ки мардумро ноором кунем. Вақте ҳукумат дид, ки вазъият чӣ гуна аст, ноором аст ва мардумро бояд бикашад. Аз нерӯҳои худ истифода кунад”,-илова кард ӯ.


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • мард

  • 24 январ 2014 19:09
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Бобоназарова гуфта буд ки ин хукумати тарсончакону буздилон аст. Инхо аз Киргиз сахт тарсидагианд барои хамин муш барин хап карда гаштаанд.
Посух додан
  • марзбон

  • 24 январ 2014 20:08
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Тра садкаи марз мекуна як тир ай тори сарт гузара як мох ай хонат намеброй бисёр даво накун фойда надора

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!