Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 8 декабр 2016, 23:08

Гурӯҳи муташаккили ҷиноӣ дар Суғд бо 31 кило мухаддир боздошт шуд

10 август 2011, 05:35

Кормандони  раёсати агентии назорати маводи нашъаовар дар вилояти Суғд   миқдори зиёди маводи нашъадорро забту мусодира карданд.


Тавре ба «Озодагон» аз ин ниҳод  иттилоъ доданд, зимни амалиёти вижаи мақомот  фаъолияти як гурӯҳи муташакили ҷиноятпешаи байналмилалӣ, ки ба муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор ва интиқоли он ба беруни кишвар сару кор дошт, қатъ гардид. Дар марҳилаи аввали ин амалиёт сокини 37-солаи шаҳри Ӯши   Қирғизистон дар бозори ноҳияи Бобоҷон  Ғафуров аснои хариду фурӯши маводи нашъадор бо мақсади ба беруни вилояти Суғд бурдан дастгир гардид. Аъзоёни дигари ин гурӯҳ , сокини 27-солаи шаҳри Томск, шаҳрванди Федератсияи Русия, инчунин, сокини 46-солаи вилояти Суғд, корманди фурудгоҳ мебошанд.  

Манбаъ афзуд, дар рафти тафтишоти пешакӣ муайян гардид, ки дастгиршудагон бо мақсади харидорӣ намудан ва ба Федератсияи Русия интиқол додани маводи нашъадор барои маслиҳат аввал дар шаҳри Москва вохӯрда, баъдан ба Тоҷикистон омада буданд. Вазни умумии маводи мусодирашуда аз ин гурӯҳи ҷӣноӣ ба 31 килою  421 грам баробар будааст. Феълан,  аз рӯи ин ҳодиса шӯъбаи тафтишотии агентӣ бо моддаи 200 қисми 4 (муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ва ё моддаҳои психотропӣ ба миқдори махсусан калон бо мақсади ба соҳибияти каси дигар додан), моддаи 32 (омодасозӣ ба ҷиноят ва сӯйиқасд ба ҷиноят)  ва моддаи 289 (қочоқ)-и  кодекси ҷиноии  Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз намуд.  {jathumbnail off}


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!