Бахшҳо
27 янв 2014 10:16Тоҷикистон / Сиёсат

Бузмаков дар бораи мошинҳои дуздӣ, Шаҳри бехатар, тобути муҳоҷирон ва Араловаҳо

Абдураҳмон Бузмаков, муовини аввали вазири умури дохилии Тоҷикистон, 27 январ, зимни нишасти матбуотӣ дар мавзӯи мошинҳои дуздӣ, афзоиши экстремизм миёни ҷавонон, интиқоли ҷасади муҳоҷирон ва ҷаримабандиҳо дар доираи лоиҳаи “Шаҳри бехатар” сӯҳбат кард.

Бузмаков гуфт, дар каламрави Точикистон 127 мошини дуздӣ ошкор шудааст, ки 57-тои он аз ҳудуди Олмон оварда шудаанд. Ба гуфтаи ӯ, ин мошинҳо пеш аз вуруд ба Тоҷикистон аз қаламрави се кишвари дигар мегузаранд ва таъкид намуд, ки харидорони Тоҷикистон зимни хариди онҳо аз дуздӣ буданашон хабар надоранд. Ин аст, ки мақомоти додгоҳии Тоҷикистон 55 нафар соҳиби ин гуна автомобилҳоро харидорони поквиҷдон эътироф намуд, чунки онҳо ин моликиятро ба воситаи дасти сеюм ва чорум харидорӣ намудаанд.

Бузмаков, инчунин, ба ҷаримабандиҳо дар доираи тарҳи “Шаҳри бехатар” дахл карда, афзуд, аз ҳама ҷаримаи калон дар доираи ин лоиҳа 49 ҳазор сомонӣ аст, ки як ронанда дар пойтахт ҷарима шудааст. Дар баробари ин, ба иттилои ноиби вазир соли гузашта ба Тоҷикистон аз Русия 960 тобут оварда шудааст.

Дар мавриди муҳоҷирини афғон дар Тоҷикистон, Бузмаков гуфт, ки теъдодашон 6 ҳазор нафарро ташкил намудааст. Ӯ аз ҷумла таъкид намуд, соли гузашта 15 шаҳрванди афғон бо иттиҳоми қочоқи маводи мухаддир боздошт гардида буданд. Муовини аввали вазири умури дохилӣ инчунин аз афзоиши майли ҷавонон ба ҷиноятҳои экстремистию террористӣ интиқод намуд.

Ӯ дар бораи чорабиниҳо барои пайдо кардани хоҳарон Араловаҳо, ки моҳи марти соли гузашта бедарак шуда буданд, афзуд, айни ҳол амалиёт идома дорад ва аз ифшояшон ба далели сирри тафтишот худдорӣ кард. Ноиби вазир афзуд, дар маҷмуъ давоми соли гузашта дар Тоҷикистон 614 нафар бе дарак шудаанд.


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
Тибки ваъда Вазири корхои дохилии ЧТ бояд дар нишасти матбуоти бо рузноманигорон вомехурд ва ба саволхои онхо посух мегуфт. Чаро у дар нишаст иштирок накард ва чаро ба ваъдаи худ вафо накард? Оё ин беэхтироми нисбат ба рузноманигорон ва нисбат ба "ваъдаи генерали" нест? Озадагон чаро дар ин бора наменависед?

аз руссия
960 нафарро русхо вахшиёна куштаанд. Як чахон ташаккур

Чамик
Бузмаков зурай. Кандата зан брат. Кадри арзандахай. Бовар кунед агар падараш гунохи вазбин кунад намебахшаш.

маҳтоб
Чамик,
Шояд падарша агар гуноҳ кунад набахша аммо оё метавонад Ҳукумувро " набахша" ????????????????????

Он 57 нафаре, ки гуе поквичдонанд ин мошинхоро аз дасти сеюм е чахорум харидаанд онхо хешу таборони Раиси чумхуранд!!! Боки хама ин мошиндуздон мардуми беччора...?! Ана ебеду гиред!!!

960 тобут дар як сол, ба 3 тобут харруз рост меояд....шукроная давом додан гирем????1000 нафараш маъюб дар як сол аз он зиёд хонавайрону сарсону дур аз ватан дар паи лукмаи нон....шукрона кунем????

960 тобут гуфта,хисоб карда мешинанд,

Вазир
960 тобут дар як сол ин кариб 3часадро дар як руз нишон медихпд магар нисбати кам кардани фавти мухочирон ё ба ватан бар гардонидаи онхо хукумат ягон чора меандешад??? Ёинки шукронаро давом додан гирем,,,,, Ёинки агар ягон чора наандешанд хай таърифхову шукронаи Чаноби олира тавасути телевизионхо бас кунед...

Он 57 нафаре, ки гуе поквичдонанд ин мошинхоро аз дасти сеюм е чахорум харидаанд.
Напурсидет ки по кадом пул харданд Ойо шумо шарм намекунед кати Салими Шерхонзода ки республикаро ба ин холат овардаги
1.127 адад мошини дуздӣ ошкор шудааст.
2.57-тои он аз ҳудуди Олмон ба 3 давлат шумо чи кор доред шумо дузд астет.
3. 55 нафар соҳибони ин гуна автомобилҳоро харидорони поквиҷдон.Поквичдон баройи Опел пул намеебад
4. ҷаримаи калон дар доираи ин лоиҳа 49 ҳазор сомонӣ аст, ки як ронанда дар пойтахт ҷарима шудааст. Пуле ки дар постхо чам карда мешавад баройи чи вайро нанавиштет е вай пули доля хаст.
5. Ба Тоҷикистон аз Русия 960 тобут ворид гардидааст.хОЕ ХУКУМАТИ МО ШАРМ НАМЕКУНАД ки инкадар тобут оварданд.
6. муҳоҷирин афғон дар Тоҷикистон Бузмаков гуфт, ки теъдодашон 6 ҳазор нафарро ташкил намудааст.Фелан 6 сол шуд ки дар Афгонистон мухочир нест.Ин шумобарин одамхо пул гирифта Афгонхоро муочир месозед.
7.15 шаҳрванди афғон бо қочоқи маводи мухаддир боздошт гардида буданд.Чанкадари дигар шумо аз ин мавод истифода бурдагит
8.афзоиши майли ҷавонон ба ҷиноятҳои экстремистию террористӣ интиқод намуд. Чавононро ба бекори гуруснаи кашоки шумо ворид намудед.Дар боло дузди дар пойон кашоки баройи хамин майли ҷавонон ба ҷиноятҳои экстремистию террористӣ интиқод намудаянд шумо баройи худ опозиция сохта истодает имруз не пагох е пагохи дигар аз шумо пурсида мешавад баройи чи шумо давлатро ба ин дарача овардед.

магар ин генатсид нисбати миллати точик нест 960 нафар тобут аз русия афсус сохиб надорем. ки моро сохиби кунад ба зами ин хама мо холохам таъриф мекунем ...як чахон ташакур.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)