Бахшҳо

Карамушкина хост, ҳарими ҳавоӣ бо Тоҷикистон баста шавад

Ирина Карамушкина, вакили парлумони Қирғизистон пешниҳод кардааст, ки дар робита ба тирпаронии 11 январ ҳарими ҳавоии Қирғизистон бо Тоҷикистон низ муваққатан баста шавад.

Карамушкина рӯзи 27 январ зимни ҷаласаи Кумитаи парлумони Қирғизистон оид ба умури амниятӣ гуфтааст, барои ҳалли низои марзӣ беҳтар медонад, ки ҳарими ҳавоии кишвараш бо Тоҷикистон муваққатан масдуд карда шавад. Ба гуфтаи ӯ, сокинони назди сарҳадаии кишвараш ҷонибдорӣ масдуд боқӣ мондани сарҳад бо Тоҷикистон ҳастанд: “Онҳо омодаанд, ба хотири ҳалли мушкилоти марзӣ ба масдуд боқӣ мондани гузаргоҳи марзӣ бо Тоҷикистон тоқат кунанд.”

Ин намояндаи мардумии қирғиз дар идома аз поин будани маоши марзбонон ва холи будани ҷойҳои корӣ дар ин ниҳод нигаронӣ кардааст: “Дар Хадамоти марзбонии Қирғизистон 124 ҷойи корӣ вуҷуд дорад, дар ҳоле ки шумораи бекорон рӯ ба афзоиш овардааст.” Карамушкина мегӯяд, сокинони кишвараш гуфтаанд, дар ҳоле омодаанд, дар Хадамоти марзбонии Қирғизистон фаъолият кунанд, ки маоши миёна то ба 20 ҳазор сом боло бурда шавад: “Бо 10 ҳазор сом дар моҳ, кӣ барои Шумо марзбонӣ мекунад?”

Тирпаронӣ миёни марзбонҳои тоҷику қирғиз зуҳри 11 январи соли ҷорӣ дар Хоҷаи Аълои ноҳияи Исфара рух дода, дар пай ин ҳодиса хатти марзи Тоҷикистон бо Қирғизистон масдуд гардид. Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон бо нашри изҳороте гуфт, тирпаронӣ бидуни кадом огоҳӣ нахуст аз тарафи марзбонҳои қирғиз оғоз ёфта, марзбонҳои тоҷик танҳо барои ҳифзи ҷонашон ба онҳо ҷавоб додаанд.


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
Онхо фикр мекунанд ки ризки мо аз онхост? Худованд ризкро медихад ба хамаи бандахош бехисоб. Марзро баста замини бахсиро мачбуран азони худ кардан аз Ислом нест.

Юсуф
ин зан яҳудӣ аст ва душмани мардуми Қирғизистон. Агар таваҷҷуҳ карда бошед ҳар тарҳе, ки ҳизби Амали Қирғизистон пешниҳод мекунад бо ҳазор шайтанат монеъ мешавад. Ҳадафи яҳудиҳо эйҷоди кина, фитна, душманӣ ва ҶАНГ байни мусалмонон ва ҳамсояҳо аст ва аз ин тариқ ҳадафҳои зеонистии худро ҷорӣ мекунанд.
Магар бо бастани ҳарими ҳавоӣ мо ташналаб мемурем?! Аз шумо тентактар(Узбакистон) ҳамаи роҳҳоро баст балки роҳи оҳанро канда партофт чи шуд оё ягон ТОҶИК аз гуруснагӣ мурд!?
ТОҶИК БЕДЕ НЕСТ, КИ БО ИН БОДҲОИ САБУК БИЛАРЗАД!!!!!!!!!!!!!!!!!!

И киргизо давлати чи доран охи як русс рохбаришон мекуна забоншона гум кардагихан 60 фоизуш забони кулдум--булдум шона намедона таърих надоран 3 миллен мухочир доран ай 5 миллен ахоли. Ду бор революция кардан хиёл кардиян ки точико метарсан Худочон аввалуш ки чанг нашава агар ки чанг шава рагатка кати мезанемшон оружия усу беста )))!

Точикак
Chonanda,
Аз ислом нест мегуи барода намепурси, ки хамин киргизхо чи кадар аз исллому мусалмони бардошт доранд? Онхо як мардуми беаслу насабанд, ки ду се сад солаке пеш вакти гасби Сибир аз тарафи русхо гуреза шуда ин чо омадаанду барои хифзи чонашон исломро кабул кардаанд ва хони Хуканд хамон вакти ичоза дод, ки дар куххо чорвои мардуми тахчоиро бони кунанд. Си чил сол пештар дар Оксой 5-6 хонавода киргиз буд, ки моли мардуми Ворухро тобистон мечаронду аз хамин хисоб зиндаги мекард, акнун имруз инхо сохиби замин шудаанд. Эй хукумат агар хоб бошед бедор шавед, ки як порча замини Ворухро набояд дод ба ин мардум, баръакс дафъашон кард аз ин чо ки онхо гуфтушунидро намеписанданд, факат зуриро....

Бандаи Худо
Метарсам, ки Узбакистон бо Киригизистон забо як карда бо хам муттахид шуда Точикистонро ба мухосираи иктисодию ичтиоми мегиранд. Чунки аз пешниходи ин намояндаи парлумони Киргизистон Узбакистонро сад-дар-сад бовар дорам, ки хушаш омад. Аммо, Точикистон бояд зирракиро аз надихад ва мулохизакорона амал кунад. Боки Худованд ояндаи халки Точикро ба хайр биёрад.Chonanda,

корчу
бале риски мо аз онхост. вале нодону чохилу фанатик инро намедонад ва хавола ба хУДО мекунад. масалан як куб тахта дар Русия 70 доллар дар ТОч 400 доллар . ин кори Худост ё монеъасозии узбак? агар аз Худо гуи пас ба бозор тахтахари нарав дар хавлиятнишин аз сибир рост ба хонаат меояд не????? эх точик, точик, точик.....

Ин одами Россия -да мехохад вазъияти ду чумхурии дуст бад шаваду Россия дарояду довари кунаду хукумат ронад

Абдулло
Мо хама мусулмонем лекин ин киргизо чи рузхое ба сари ворухихо наовардан рузхои рохбастан беморони вазнинро рох надодан ба суи Исфара худо биградашон омин...

Ин курмуш худаш рус мебошад чи аз номи киргизхо гап мезанад.магар фикр намекунад Точику киргиз хамсояанд.миени ин ду давлат сарди шавад фоидаи русхову узбакост.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)