Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 12:42

«Кӯли ҷавонон» ба корҷӯён кор меёбад

10 август 2011, 07:01

12-уми августи соли равон дар боғи фарҳангию фароғатии «Кӯли ҷавонон»-и шаҳри Душанбе ярмаркаи ҷойҳои кори холӣ ва вазифаҳои озод баргузор мешавад.


Чорабинии мазкурро агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷирати вазорати меҳнат созмон додааст.
Ба хабаргузории  «Озодагон» аз агентӣ хабар доданд, ки дар ярмарка роҳбарон ва шӯъбаҳои кадрҳои корхонаю муассисаҳо ва дигар корфармоён иштирок мекунанд. Барои корҷуён ҷойи кории холӣ аз   ташкилоту муассисаҳои давлатию ғайридавлатӣ дар соҳаи сохтмон, маориф, тандурустӣ, хизмати маишӣ пешниҳод хоҳад шуд. Ҳамчунин манбаъ афзуд, ки барои шахсоне, ки ихтисос надоранд ҷиҳати азхуд намудани касбу ҳунар ба муассисаҳои таълимии агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷират роҳхат дода мешавад.{jathumbnail off}


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!