Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 20 август 2017, 01:40

Мақомоти Русия дар бораи тоҷикистониён овозаҳои дурӯғ паҳн месозанд

15 август 2011, 04:31

Субҳи имрўз хабаргузориҳои русӣ дар хусуси боздошти 1 нафар шаҳрванди Тоҷикистон бо 20 грамм маводи мухаддир хабар доданд.


Гуфта мешавад, дастгир шудани ин тоҷикистонӣ аз суи мақомоти амнияти Раёсати минтақаи Камчаткаи Русия сурат гирифтааст. Бино ба гуфтаи манбаҳои инттилоотӣ, гуё ин нафар узви созмони муташаккили ҷиноии кочоқи маводи мухаддир будааст. Ва аммо на расонахои хабарӣ ва на мақомоти амният ному насаби қочоқгарро ошкор накардаанд.

Дар ҳамин ҳол, коршиносон бо далели ному насаби шаҳрванди Тоҷикистонро маҳфуз доштани мақомот инро овозае беш намедонанд ва мегўянд, борҳо шудааст, ки барои ҳисобот ва сиёҳ кардани чеҳраи тоҷикон мақомоти Русия аз чунин роҳ кор гирифтаанд. Бино ба гуфтаи Сўҳроб Мунаввваров, як тоҷики муқими Маскав ошкор гуфтани номи қочоқгар барои тафтишот ҳеч мушкилие ба бор намеорад ва аммо одатан мақомоти Русия бо ин баҳона аз гуфтани номи қонуншикан худдорӣ меварзанд, то ҳуввияти ў  ва ҳақикати сар задан ё назадани қонуншикани рўпўш бимонад.{jathumbnail off}


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!