Русский  >>  فارسی  >>  Душанбе 27 феврал 2017, 16:10

Квотаи донишҷӯёни тоҷик зиёд мегардад

12 май 2011, 08:43

Сафири Тоҷикистон дар Украина Шӯҳрат Султонов бо Раиси Радаи Олии ин кишвар Владимир Литвин мулоқот анҷом дод.

Зимни нишаст, ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои байнипарлумонии кишварҳо баррасӣ гардида, барқарор намудани фаъолияти дуҷонибаи комиссияҳои байнипарлумонӣ баррасӣ гардид. Ҳамзамон, масоили марбут ба таҳкими масъалаҳои дуҷониба, аз ҷумла ҳамкориҳо дар соҳаи гидроэнергетика, ривоҷи иншоотҳои хурди обӣ, зиёд намудани квотаи донишҷӯён дар донишкадаҳои олӣ ва ба роҳ мондани ҳамкориҳои сатҳи минтақавӣ бо истифода аз имкониятҳои кишвари иқомат ҷонибҳо ибрози назар намуданд.
Ёдрас менамоем, дар баробари супоридани эътимоднома аз ҷониби сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Украина Шӯҳрат Султонов ба президенти Украина Виктор Янукович 6 апрели соли 2011 бо мақсади таҳкими ҳамкориҳо дар бахшҳои мухталиф бо вазорату идораҳои кишвари иқомат як силсила вохӯриҳо ба нақша гирифта  шуда буданд.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Феврал 2017    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!