Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 1 ноябр 2014, 09:33

Turajon.org: Таҷлили Рӯзи модарон дар 8 март ҷоиз нест

3 март 2014, 08:53

Торнамои Turajon.org, веб-сайти бародарон Тӯраҷонзодаҳо, ҷашни Рӯзи модаронро, ки ҳамасола 8 март таҷлил мешавад, аз нигоҳи дини Ислом нораво хонда, онро берун аз фарҳангу мазҳаби мардуми мусулмон хондааст.

Ин торнамо дар посух ба суоли яке аз корбаронаш навиштааст, “ҷашнгирии Рӯзи модарон ё иди модарон ҷоиз нест. Ин ид на аз идҳои динӣ ва на аз идҳои миллии мост. Ин ҷашн аз замони Шӯравӣ ба мо боқӣ мондааст.” Turajon.org таъкид мекунад, мардуми мусулмон ба чунин ид дар як сол боре ниёз надорад, чун Ислом ба пайравонаш мефармояд, дар тамоми рӯзҳои сол бо модарон накӯкор бошанд: “Танҳо дар ин рӯз ба модарон хушрафтору хушмуомила бошем ва дар рӯзҳои дигар модарро фаромӯш кунем?!”

Ин торнамои исломии кишвар аз суханони Юсуф Қарзовӣ, раиси Иттиҳоди уламои мусулмонони ҷаҳон, иқтибос оварда, сабаби пайдоиш ва ташкили ин идро чунин шарҳ додааст: “Замоне Ғарб иди модарро ихтироъ кард, мо мусулмонон ба онҳо тақлиди кӯркӯрона кардем ва фикр накардем, ки бо кадом сабаб Ғарб ин идро ихтироъ кардааст? Мутафаккирони аврупоӣ вақте диданд, писарон модарҳои худро фаромӯш мекунанд ва онҳоро хуб нигоҳубин намекунанд, хостанд як рӯзро дар як сол иди модар қарор диҳанд, то писаронро ба ёди модаронашон андозанд.”

Turajon.org дар идома аз корбарони худ даъват кардааст, аз таҷлили ин сана худдорӣ кунанд. Чун ба навиштаи он, ҷашни рӯзи модарон тақлид ба қавмиятҳои ғайримусулмон мебошад, ки пайғамбар (с) ин тақлидкориро наҳй кардааст. Дар Тоҷикистон ҳамасола рӯзи 8 март, ки дар гузашта бо номи иди занон маъруф буд, ҳоло ҳамчун Рӯзи Модар таҷлил мешавад.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Рустам

  • 3 март 2014 10:21
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Окои Турачон набошад дар мошину самолёти ихтироъкардаи Гарб савор нашавед, аз мобилу компутари гарб истифода накунед ва аз либосхои духтаи гарбй напушед... ки он моли гарб ва дар нихоят куфр аст. Ё тавба...
Посух додан
  • Алишер

  • 3 март 2014 11:09
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Акаи Рустам шумо гуфтаниед ки иди модаронро чашн бигирем?
Посух додан
  • Tojik

  • 3 март 2014 11:21
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Рустам,
Barodar shumo manoi suhanoni Hazratro digargun nakuned. Manoi gapi hazrat in nest, va u mehohad biguyad ki az korhoi hubi onho metavoned taklid kuned ki islomham ba in korho musalmononro vodor mekunad. Garbiho bisyor mehonandu va chizhoi nav ba nav ihtiro kuniro dust medorad, Charo barodari aziz ba in korashon taklid namekuni ?
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Идро чашн гирифтан ихтиёри аст ва хар чизе, ки накуст, онро тарафдори бояд кард. Мо хама, мардуми Точикистон алхамдуллилох мусулмонем, вале замона пеш меравад, чизхои наву хубро, ки чихати тарбияви доранд, бояд дастгири намоем. Дар ин чо бародар Рустам бисёр хуб гуфтааст, офарин!!!
Посух додан
  • Tojik

  • 3 март 2014 11:54
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Шахбоз,
Barodari aziz vahte shumo in suhanoro mezaned, aknun bioed fikr kunem ku boz chi chizhoi navi zamonavis, Hamjinsgaroi ? Du mard konuni nikohu tui kardan ? bo kudakoni nobolig rasidan ? Hurmati shavharu padaru modarro ba push guzoshtan ? ki dar davlathoi taraki karda modar zor meboshad ki pisaru duhtarash dar 1 sol yak bor habar girandashon. Va hususan dar hitoi mard tamoman kadr nadorad dar honadon. Mard hurok mepazad hona merubad libosshui mekunad, vahte kori hato kard zan uro mezanad. Barodari aziz shumo in chizhoro mehohed mo kabul kunem ? ki dar zamoni pesh nabudand. va islom ijozat namedihad. Aib ast barodari aziz,
Посух додан
  • Dev

  • 3 март 2014 12:45
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Magar fakat garbiho modarashonro faromush mekunand, jo kardand. Ne , dar bajni tojikoni hudamon ham biser javonon 5-10 sol dar horijaand , modarashon darbadaru bechora ...
Посух додан
  • бандаи Худо

  • 3 март 2014 13:09
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Кадом нафароне ки мусалмони вокеъи (оригинальный) бошед барои мову шумо эхтироми Модар вазифаи х,арузаи мо аст! далелашро дар боло олимони ислом овардаанд!
кадом нафароне, ки тавар- мусалмон ё зардушт аст ихтиёр дорад! далелаш эмони заиф доштанатон аст! Худо хидоятатон кунад то, ки хамеша эхтироми Модаронро фаромуш накунед!
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
ки нахохад, иди кадуву шафтолуву харбузаву тарбузро чашн дигар. А бача дермократияй кууу.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ба Точик гуфтаниям, ки ман чизхои неку хубро гуфтам, ки чихати тарбияви доранд. Магар Иди модаронро чашн гирифтан бад аст? Бад-ин васила кадру манзалати модарро бисёрихо мефахманд. Зеро ба воситаи ахбори омма дар бораи зан-модар чи кадар суханхои бузургон пахш мегардад. Ин ба мисли як маъракаи фахмондадихи оид ба эхтиром намудани зан-модар аст!
Посух додан
  • Tojik

  • 3 март 2014 16:45
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Шахбоз,
Barodar shumo medoned ki garbiho in idro yake az ozodihoi za satri islomi mehonand, va bad in ki hurmati padaru modarro az suhanoni paigambaru quron omuhtan lozim na az garbiho. Yo in ki ba in suhanonaton guftanied ki manfiati onho az islomham pesh raftaast ?

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 401

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!