Русский  >>  فارسی  >>  Душанбе 5 декабр 2016, 19:38

Шӯрообод: Боздошти боз як нашъаҷаллоби афғон бо 35 кило мухаддир

16 август 2011, 07:51

Дар пайи як амалиёти вижа аз шаҳрванди ҷумҳурии Исломии Афғонистон миқдори зиёди маводи нашъадор забту мусодира гардид.


Тавре ба хабаргузории «Озодагон» аз ВКД хабар доданд, дар  ноҳияи Шӯроободи вилояти Хатлон дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Сари-Чашма мавзеъи Сурхи-Алам, Шаҳобуддин валади Субҳонқули 21- сола  сокини вилояти Қундуз, улусволии Эмомсоҳиб, деҳаи Авфурӯш, бо иттиҳоми хариду фурӯши маводи мухаддир дастгир карда шуд. Аснои  кофтукови шахсӣ аз дохили борхалтааш маводи нашъадори «Бангдона» вазнаш 30 килою  500 грамм ва маводи нашъадори навъи «ҳашиш» вазнаш 5 килою 100 грамм, ҷамъ 35 килою 600 грамм дарёфт ва мусодира карда шуд. Айни замон нисбати ин қазия парвандаи ҷиноӣ боз гардида тафтишоти парвандаи нашъаҷаллоби афғонӣ идома дорад. {jathumbnail off}


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!