Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 08:51

Донишгоҳи Макарови Украина барои Тоҷикистон мутахассис омода мекунад

17 август 2011, 03:00

Сафири Тоҷикистон дар Украина Шуҳрат Султонов ба вилояти Николаевски ин кишвар сафари хизматӣ анҷом дод.


Зимни боздид аз ин минтақа дипломатии тоҷик бо роҳбарияти  вилоят ва дигар шахсони расмӣ мулоқоту нишастҳо баргузор кард. Дар вохӯрӣ бо иҷрокунандаи вазифаи раиси маъмурияти давлатии вилояти Николаевск Геннадий Николенко, роҳбарияти вилоят манфиатдории худро оид ба рушд додани муносибатҳо бо вилоят ва минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон, бо мустаҳкам намудани алоқаи истеҳсолотӣ миёни ташкилотҳои украинӣ ва тоҷикӣ, омода намудани мутахассисон барои корхонаҳо ва соҳаи аграрии Тоҷикистон, иброз доштанд.Ҷониби украинӣ оид ба будубоши диаспораи тоҷикистонӣ дар ин вилоят изҳори қаноатмандӣ намуда, чун намуна хоҷагии деҳқонии сабзавотпарварии “С-Росток”-ро, ки роҳбарии онро Тоҳир Садриддинов (зодаи Тоҷикистон) бар ӯҳда дорад, мисол овард. Дар пояи ин хоҷагии намунавӣ, дар даҳаи аввали моҳи сентябри соли равон ҷаласаи сайёри Шӯрои минтақавӣ оид ба рушди иқтисод бо иштироки вазорати кишоварзии Украина ва раиси маъмурияти давлатии вилояти Николаевск баргузор мегардад.

Тавре ба «Озодагон» аз вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон иттилоъ доданд, ҳамзамон дар ин сафар Шӯҳрат Султонов бо роҳбарияти Донишгоҳи миллии ба номи Макаров мулоқот дошт. Қайд гардид, ки ин донишгоҳ барои Тоҷикистон    аҳамияти бузург дорад, зеро таҷрибаи калон оид ба тайёр намудани мутахассисони соҳаи энергетикаро доро мебошад. Роҳбарияти донишгоҳ омодагии худро ҷиҳати қабул кардани довталабони тоҷик ба хониш ва густариш додани ҳамкорӣ бо донишгоҳҳои фаннии Тоҷикистон иброз доштанд. Сафири тоҷик ҳамчунин бо намояндагони диаспораи тоҷикон дар вилояти Николаевск вохӯрӣ гузаронд, ки дар бораи будубош ва кори тоҷикистониён, фаъолияти диаспора, фаврӣ ҳал намудани мушкилоти пайдошуда, ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои шаҳрвандони Тоҷикистон баррасӣ гардид.{jathumbnail off}



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!