Русский  >>  فارسی  >>  Чоршанбе 7 декабр 2016, 19:22

Натиҷаҳои аввалини ташхиси НБО-и Роғун ба президент пешниҳод гардиданд

12 май 2011, 10:00

Имрӯз президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон сарвари Бонки Ҷаҳонӣ доир ба стратегия ва амалиёт дар минтақаи Аврупо ва Осиёи Марказӣ Теодор Алерс ва директори минтақавии ин бонк доир ба кишварҳои Осиёи Марказӣ Моту Кониширо ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот масоили ҳамкории дуҷониба, аз ҷумла рафти ташхиси техникӣ иқтисодии лоиҳаи сохтмони нерӯгоҳи Роғун, омӯзиши таъсири иҷтимоӣ- экологии ин иншоот ва дастгирии рушди иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон баррасӣ шуд. Тибқи иттилои дафтари матбуотии президенти Тоҷикистон, зимнан  натиҷаи марҳилаи аввали ташхис доир ба корҳои дар зарфи 30 соли гузашта анҷомёфта ҳафтаи равон ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шуд ва натиҷаҳои марҳилаи дуюм тирамоҳи соли равон омода хоҳад шуд.
Иттилоъ дода шуд, ки ҷанбаҳои гуногуни лоиҳаи нерўгоҳи Роғун ва натиҷаҳои марҳилаи аввали ташхиси он зимни нишасти намояндагони ҳукуматӣ ва аҳли ҷомеаи кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ ва Афғонистон, ки ҳафтаи оянда аз ҷониби Бонки ҷаҳонӣ дар шаҳри Алматои Қазоқистон доир мегардад,  баррасӣ хоҳад шуд. Ба гуфти Теодор Алерс, ҳадаф аз ташхиси ҳамаҷонибаи лоиҳаи бунёди нерӯгоҳи Роғун ва ҳам муҳокимаи ин мавзўъ бо ҳамаи ҷонибҳои манфиатдор «дарёфти беҳтарин роҳҳои қобили қабул ва мусоидат ба ҳалли мушкилоти сангини энергетикии Тоҷикистон мебошад». 
Бо назардошти иштироки ширкатҳо ва коршиносони муътабари ҷаҳонӣ дар ташхиси лоиҳаи бунёди нерўгоҳи Роғун, изҳори боварӣ карда шуд, ки натиҷаи кори онҳо ба баҳсу мунозираи кишварҳои минтақа атрофи ин мавзўъ хотима мегузорад.
Рафти ташхиси техникӣ-иқтисодии лоиҳаи бунёди хатти баландшиддати барқии КАСА – 1000 низ аз мавзӯъҳои сӯҳбат буд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!