Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 20:25

Ҳамсари собиқ мири шаҳр даъвои рӯёнидани 113 миллион рубл дорад

17 август 2011, 07:04

Ҳамсари Юрий Лужков , мири барканоршудаи Маскав Елена Батурина  ширкати «Сигма Капитал» ва сарвари он Игор Варданянро ба додгоҳ кашидааст.


Генадий Теребков, сухангӯи ширкати сохтмонии «Интеко», ки Елена Батурина сарварии онро ба ӯҳда дорад, изҳор кард, ки додгоҳи ҳакамӣ  (арбитраж)  ба баррасии аризаи шикоятии онҳо дар хусуси рӯёнидани 113, 318 миллион рубл қарзаш аз ширкати «Сигма Капитал» шурӯъ кардааст.

Бино ба гуфтаи Генадий Теребков, сухангӯи ҳамсари собиқ мири Маскав ширкати «Интеко» соли 2010 бо қимати 111,3 миллион рубл яке аз зершикатҳояш «Алфа -Пласт»-ро, ки ба истеҳсоли маҳсулоти пластмасӣ махсусият дошт, ба ширкати «Сигма Капитал» фурӯхтааст ва аммо то ин замон ширкати «Сигма Капитал» ин маблағро пардохт накардааст. Акнун ҳамсари мири барканоршудаи Маскав Елена Батурина  ин маблағро аз тариқи додгоҳи рӯёниданӣ шуда, ҳамчунин ба андозаи 2 миллион рубл фоизҳои истифода аз маблағашро низ тақозо кардааст.

Дар ҳамин ҳол Генадий Теребков гуфт, «Интеко» ҳамчунин баррасиву ҳалли қазияро то баррасии додгоҳӣ низ интизор аст.
Аммо ҷониби  «Сигма Капитал» то ҳанӯз дар қиболи қазияи мазкур изҳори назар накардааст.{jathumbnail off}


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!