Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 3 декабр 2016, 14:36

Беҳтарин духтури оилавии пойтахт муайян гашт

17 август 2011, 07:35

Директори Оҷонсии ИМА оид ба рушди байналмиллалӣ дар  Тоҷикистон  (USAID) ҷаноби Ҷеффри Лерер  ва роҳбари раёсати тандурустии шаҳри Душанбе   Абумуслим Темуров ғолибони озмуни «Беҳтарин дастаи духтурон ва ҳамшираҳои оилавӣ 2011»-ро табрик намуданд.


Дастаи маркази саломатии №3 ш.Душанбе - Давлатмамадова Шаҳло ва Караева Гулбарг ҷойи якумро ишғол намуд. Ҷои дуюмро Ҳакимов Сайдалӣ ва Мирзоева Махфират аз маркази саломатии №2 ноил шудаанд. Дастаҳои маркази саломатии №14 Келдиева Шоира ва Нуралиева Азиза ва маркази саломатии №10 Абдураҳмонова Гулнора ва Маҳмадова Маҳина ҷои сеюмро тақсим карданд.  

Давлатмамадова Шаҳло, ки ҳамчун «Беҳтарин духтури оилавӣ» шинохта шуд, зимни суханрониаш гуфт, мо фахр мекунем, ки дастаи мо дастаи беҳтарини шаҳри Душанбе эътироф шуд ва мо ба раёсати тандурустии шаҳри Душанбе ва Оҷонсии ИМА оид ба рушди байналмиллалӣ барои ташкили озмуни мазкур сипосгузорем. Озмун ба мо имконияти санҷиши дониш ва малакаҳои худ, такмили тахассус ва беҳтар намудани хизматрасонӣ ба беморони худро дод».     Дар озмуни мазкур тамоми духтурон ва ҳамшираҳои тибби оилавӣ аз 14 марказҳои саломатии ш.Душанбе иштирок намуданд.  

Маврид ба ёдоварист, лоиҳаи USAID  «Тандурустии босифат» яке аз лоиҳаҳои сершумори мадад ба рушди Тоҷикистон мебошад, ки аз ҷониби USAID амалӣ карда мешаванд. Аз соли 1992 то инҷониб мардуми Амрико тавассути сафорати ИМА дар Душанбе  барои дастгирии рушди соҳаҳои иқтисодиёт, тандурустӣ, маориф ва ниҳодҳои демократӣ дар Тоҷикистон тақрибан 984 миллион доллари амрикоӣ пешниҳод намудааст. {jathumbnail off}


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!