Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 10 декабр 2016, 04:08

Сайёҳони итолиёвӣ аз Рим то Душанбе бо мошин меоянд

17 август 2011, 07:51

Як гурӯҳ сайёҳони итолиявӣ, ки аз 30-уми июл ба мошинҳояшон бо мақсади ба Тоҷикистон омадан ба роҳ баромада буданд, фардо вориди Душанбе мешаванд.


 

Тавре ба хабаргузории «Озодагон» аз созмони итолиёвии  «Чезвӣ»  иттилоъ доданд, 18-уми август ин гурӯҳи сайёҳон аз Италия бо нақлиёти шахсӣ тариқи роҳи абрешим ба Тоҷикистон мерасанд. Гуфта мешавад, сайёҳон дар  Душанбе   мулоқоти нахустинро бо намояндагони «Чезвӣ» баргузор менамоянд. Ҳадафи боздиди итолиёиҳо аз Тоҷикистон ошнои бо лоиҳа ва пружаҳое, ки бо сармоягузории Италия дар роҳи абрешим сохта шудаанд, арзёбӣ мегардад.

Манбаъ афзуд, тими ҷаҳонгардони итолиёвӣ аз 3 мошин ва 5 нафар сарнишин иборат буда, ширкати  «Чезвӣ»  ташкилкунандаи ин чорабинӣ аст. Ин созмон дар Тоҷикистон ба барқарорсозии системаи обтаъминкунӣ дар навоҳии дурдаст машғул аст. Гузашта аз ин  ташкилоти «Чезвӣ» дар Тоҷикистн ба хоҷагиҳои деҳқонӣ низ кӯмак мекунад.{jathumbnail off}



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!