Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 23:24

9 моҳи зиндон барои дуздидани як тӯтӣ

17 август 2011, 11:15

Додгоҳи ноҳияи Архарински вилояти Амур як зани 32- солаи ин минтақаро барои дуздии тӯтӣ барои 9 моҳ равонаи зиндон намуд.


Дар ин бора аз додситонии вилояти Амур ба хабаргузориҳо иттилоъ додаанд. Тибқи иттилои манбаъ, ин зан дар моҳи декабри соли 2010  бо иттиҳоми дуздии амволи ғайр ба маҳбас афтода буд. Пас аз озод шуданаш дар ҳолати мастӣ аз қаҳвахонаи «Закусочная»  тӯтии пахмоқро, ки 2, 5ҳазор рубл қимат доштааст, рабудааст.

 

Зинаи аввали додгоҳ амали ин занро ҳамчун дуздии амволи ғайр бо расонидани зарари бузург бандубаст намуда,  бо истифодаи кодекси ҷиноии Русия ба 1,5 соли зиндон ҳукм кард. Аммо ин зани тӯтирабо аз болои ҳукми додгоҳ ба зинаи болоӣ шикоят бурдааст. Додгоҳи таҷдиди назар даъвои бонуи дуздро қонеъ сохта, иттиҳоми зарари ҳаҷман калонро аз ӯ бардоштааст, аммо ба ҳар сурат 9 моҳи ояндаро ин зан пушти панҷара хоҳад гузаронд.{jathumbnail off}



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!