Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 11 декабр 2016, 10:58

Маъзарат

19 август 2011, 09:20

Вокуниши онҳо ба мақола дар ҳафтанома ва вокуниши мо ба вокуниши онҳо.


Чанд рӯзе буд, ки аз ин дӯсти ҳамқаламу ҳамалам ва хушқалбу хушқавл хабар надоштам. Ба ростӣ занги телефонаш шодам карду пас аз ҳолпурсӣ суолаш кардам, ки куҷост? Гуфт: дар мураххасӣ ҳастам ва омадам аёдату зиёрати хешу табор ба Панҷакент. Аммо хабари ҷолибе, ки мехоҳам расонам ин аст, ки як саҳифаи "Озодагон" ва он ҳам нусхаи копишударо дар Панҷакент 2,5 сомонӣ мефурӯшанд. Барои ин хушхабар бояд шодиёна тайёр кунӣ.

Мепурсам, ки магар чӣ шуда? Оё теъдоди кам бурдаанду ба хонандагон нарасида?  Посух медиҳад: шояд мисли ҳамеша оварда бошанд, аммо масъулини ноҳия ҳамаи ҳафтаномаро, ки ба Панҷакент фиристодаед, харидаанду мардум маҷбуранд нусхаи копишударо харидорӣ кунанд.
Чун аз асли қазия огоҳ шудам бо ин дӯст худоҳофизӣ кардаму дар гирдоби андешаҳои ғамгин печидам. Чун дар шумораи 31-и "Озодагон" матлабе ба қалами Шоҳини Облоқулзода ба нашр расидаву дар он аз иҷозаи ширкат надоштани рӯзноманигорон ва аҳли қалам дар мулоқот бо президент сухан мерафт, масъулин ё кадоме аз онҳо чунин вокуниш нишон додаст. Шояд ӯ фикр карда, ки бо ҷамъ овардани шумораҳои ҳафтанома монеъ аз огоҳии мардум ва ё шояд масъулон аз ин матлаб мегардад? Вале воқеият нишон дод, ки бо ин кораш ба ҳадаф нарасид. Гузашта аз ин вокунише ба ин шева ҳамеша вокунишҳои дигаргуна ба дунбол доштаву дорад. Дар ин миён ман ба унвони муассис ва сардабири ҳафтанома ба хотири ин ранҷе, ки ба хонандагони озодаву азизи "Озодагон" дар Панҷакенти бостонӣ расида, сидқан ва самимона маъзарат мехоҳам. Мо ба ҳеч ваҷҳ розӣ нестем,  на ин ки як саҳифа, ҳатто ҳамаи 16 саҳифаи ҳафтанома ба нархи 2,5 сомонӣ фурӯхта шаваду ҳамватонони гиромӣ, ки бе ин ҳам аз бори сангини гаронии нархҳо пайваста ранҷ мебинанд, бештар азият шаванд. Аз сӯи дигар бо камоли масъулият арз медорам, ки мо рисолати худро то лаҳзаи охир анҷом хоҳем дод ва ҳамчунон мисли оинае тамомнамо ҳамаи воқеиятро дар ҳар як гӯшаи кишвар ба тасвир хоҳем кашид, ки Панҷакент дар ин радиф истисно нахоҳад буд.

Ҷамъоварии "Озодагон" дар Панҷакенту зарурати узрхоҳии мо аз мардуми сарбаланду озодаи ин гӯшае аз ватан маро ба ин андеша водошт, ки воқеан мо аз хелеҳо маъзаратхоҳӣ қарздорем. Ҳар як аз ин мансабдори ҳукумат аз ҳар як шаҳрванди кишвар, ки зиндагии фаровон надорад, маъзаратхоҳӣ бояд кунад. Зеро тибқи меъёру арзишҳои ахлоқӣ мансаб василаи хизмат дар ростои манфиати мардум аст. Агар ин меъёр дар кишвари мо иваз шуда пас бояд боз як бор ҳамаи мансабдорон аз мардуми кишвар узр бипурсанд. Аз хиради онҳо не, аз беҳунарияшон буда, ки зиндагии мардум дар ин сатҳ қарор дораду арзишҳои ахлоқӣ аз майдони фаъолияти ин мансабдорон доман барчидааст. Баҳонаҳои дигар мисли ҷанги шаҳрвандиву хушксолӣ нишони заъфи далели онҳост. Муҳим набудани барномаи роҳбурдӣ барои зиндагии дар рифоҳ ва пешрафти миллат мебошад.

Дар баробари ин ҳама ба хотири солҳои зиёд муҳоҷири корӣ будан ва дар вазъи таҳқиромез кор кардани наздик ба ду миллион ҳаммиллат бояд узрхоҳӣ кунанд. Кӣ гуфт, ки агар шароити таъмини зиндагии  худу хонаводаашро медошт, касе аз онҳо ба он таҳқир тан дармедод? Барои падид овардани руҳияи фармонбардорӣ ва ғуломхӯӣ дар ҷомеа низ бояд узрхоҳӣ шавад, ҳарчанд шояд ин гуноҳ нобахшиданитарин аст. Ба ҳар ҳол, барои маъзарат хостани ману мо далелҳо зиёданд. Муҳим он аст, ки мо ин бори масъулиятро бипазирем.
Зафари Суфӣ{jathumbnail off}


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!