Бахшҳо

Вазъи мактабу маориф Шуморо ба ташвиш намеорад?

Бо вуҷуди ифтитоҳи даҳҳо мактаби муосир дар манотиқи Тоҷикистон ҳанӯз ҳам вазъи мактабу маориф чандон хуб арзёбӣ намешавад. Дар зер чанд назари мусоҳибони “Озодагон”-ро нашр карда, мехоҳем, Шумо низ андешаҳои худро дар пайи ин матлаб бинависед.

Меъроҷиддин ҲАКИМОВ, вакили парлумон:
“То ҷое пешравӣ дар ҳама бахшҳои маориф дида мешавад. Чӣ дар соҳаи таҳсилоти томактабӣ , таҳсилоти миёнаи умумӣ ва ва чӣ дар соҳаи таҳсилоти олии касбӣ. Тағйирот ҳам дар тамоми ҷабҳаҳои маориф ба назар мерасад. Бо қабул гардидани санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ алакай тамоми зинаҳои таҳсилот ба танзим дароварда шудаанд. Вакилони парлумон тасмим гирифтанд, дар оянда кодекси маорифро омода намоянд. Дар фарқ аз 5 соли гузашта маблағгузорӣ дар соҳаи маориф то 15 баробар зиёд гардидааст. Соли 2001 ин рақам 2,6, яъне 220 миллион буд. Ин афзоиши маблағҳо ба беҳтар гардидани таҳсилот таъсири мусбати худро мерасонад.”

Гулафшон СОҚИЕВА, журналист:
“Ҳоло вазъи мактабу маориф дар муқоиса бо 10 соли пеш хеле бадтар шудааст. Замоне дар мактаб таҳсил мекардам, муаллимони мактаб имкон намедоданд, ки дар рӯзномаҳо хатоҳои грамматикиву имлоӣ бошад. Ӯ дар зери рӯзномааш имзо мегузошту волидайнаш ҳам. Имрӯз рӯзномаи наздикони толибилмамро мебинам, падару модараш ва муаллимаш имзо мегузоранду баҳои аъло мемонад, лекин талаба забони русиро намедонад. Забони русӣ “Ӣ” надорад. Вақте мо таҳсил мекардем, моро ҳеч вақт ҳангоми дарс барои иштирок дар ину он чорабинӣ намебурданд, ки моҳҳо аз таҳсил дур монем. Иштирок дар ҳар гуна чорабиниҳо ба сифати таълим таъсири зиёд мерасонад. Имрӯз литсейҳову гимназияҳо зиёд шудаанд, вале сифати таълим беҳтар нашудааст.”

Шариф МУЛЛОЕВ, устоди Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия:
“Сол аз сол маорифи ҷумҳуриамон рушд мекунад. Бояд рӯирост бигӯям, ки назар ба чор-панҷ сол пеш усул ва методҳои таълим ба тарзи замонавӣ омода карда шудаанд. Вале маро ҳамеша як масъала ба ташвиш меорад. Ин ҳам бошад кадрҳои ботаҷриба аз маориф ба сабаби нафақа дур мешаванд. Ин омилҳо оқибати хуб намеоранд. Ман ҳамеша тарафдори мутахассисони ҷавон ҳастам, вале онҳо, ки таҷрибаи кофӣ надоранд бояд аз шахсони кордида биомӯзанд, сипас ба тарбияи атфол шуруъ намоянд. Фарзандони ман дар макотиби таҳсилоти умумӣ мехонанд. Ягона монеъ ба назари ман ин ҳам бошад тамоми масъулиятро ба зиммаи падару модар гузоштани кулли омӯзгорони макотиб мебошад. Тарбияи фарзанд хеле душвор аст, вале бояд алоқаи зич дошта бошем. Аз камтаҷрибагии бисёри омузгорони ҷавон, надонистани омилҳои педагогӣ ва ғайра дар бисёр мавридҳо тамоми ҷавобгариро бар дӯши волидайн мегузоранд. Мехоҳам, ҳар омӯзгор ва волидайн вазифаи худро донад ва софдилона иҷро намояд.”

Парда ҲАБИБ, корманди рӯзномаи "Адабиёт ва Санъат":
“Ба назари ман, таи чанд соли ахир вазъи мактабу маориф беҳтар мешавад. Зеро ҳозир моҳонаи муаллимони деҳоту шаҳр нисбат ба гузаштаи на чандон дур фарқ мекунад. Муҳимтарин омили пешрафти маориф аз сатҳи маоши омӯзгорон вобаста аст. Ҳар қадар, ки маоши омӯзгорон беҳтар шавад, ҳамон қадар мактабу маориф ҳам беҳтар мешаваду масъулияти омӯзгорон ҳам зиёд мегардад. Бештари мушкилоти дигар ба ҳамин чиз вобаста аст.”

Маҳмудхон ШОЕВ, собиқ сухангӯи вазири маориф:
“Соҳаи маориф дар шароити имрӯза рӯ ба рушд дорад. Маблағгузории рӯзафзуни соҳа шоҳиди он аст, ки мактабу маориф рушд карда истодаанд. Ҳамасола кушодашавии мактабҳои нав бозгӯи ин вазъият аст. Ҳамчунин, афзоиши литсейҳову гимназияҳо нишон аз кӯшишҳои зиёд барои беҳтар намудани шароит барои хонандагон мебошад. Ҳамин ифтитоҳи мактаби шумораи 8 ҳам яке аз ҳамин далелҳост. Иштироки хонандагон дар озмунҳои байналмилалӣ ва дастовардҳои онҳо, кушодашавии филиалҳои донишгоҳҳои бонуфузи хориҷӣ дар кишвар нишонаи он аст, ки имрӯз Тоҷикистон аз ҷониби дигар давлатҳо дар соҳаи маориф эътироф шудааст.”


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
САЛОМ.САТХИ МАОРИФ БАДТАР ШУДАС.ДАР МАКТАБИ16 ШАХРИ ХУДЖАНД ТАРИКИ МАЧБУРИ Ё ХУД ТАХДИД 150СОМОНИ ЧАМ КАРДА ИСТОДАН БА БАХОНАИ ГАРМИ КУНИ УМУМИ БЕ ЯГОН ЛОИХА БЕ ЯГОН ПЛАН МЕХОСТЕМ БА ДОДИ МО МАРДУМИ БЕЧОРА РАСАНД ВАЗИРИ МАОРИФ

ФАЛОН КАДАР МБлаг ба ввзорати маориф чудо шуд. . . ин маьнои хуб шудани сатхи тахсилро надорад. маоши муаллимонро бардоштан даркор. муалими бечора дар дарс фикраш дар бораи фарзандонаш, ки чи кор карда ду сум ефта рузи кудакхоро гузаронам. руз то руз бад шуда истодааст. кудакаш нон мегуяд либос мегуяд мачбур мешад вичдонашро фурухта чашмашро пушида ба хар бахона аз талабахо пул чам кунад. умуман сабаби рушд накардани давлати мо кам будани маош хаст. бовар кунед кариб хеч кас дар ягон корхонаи давлати аз тахти дил кор намекунад.
ОН ЧИ КИ МАРДРО КУНАД РУБОХ МИЗОЧ. ЭХТИЕЧ АСТ, ЭХТИЕЧ АСТ, ЭХТИЕЧ.

бахтиёр
салом, ман мехостам нисбати ба тамошои фильмхо чалб намудани мактаббачахо ба тарики мачбури ,дар як хафта 2- бор ,нархаш 3- сомони , ё фарзанди ман сахари аз хоб хеста мегуяд,ки 3- сомон дихед ,барои чи пурсам,макомоти сухторхомушкуни мактабро чарима кардааст, муаалимаашон гуфтааст,ки пул биёранд , охир бубахшед маро макомот мактабро чарима кардааст ,ё фарзанди манро, баъди сухбат бо муаалими ин мактаб фахмидам,ки тамошои фильмхоро вазорати маориф тасдик карда будааст, худатон фикр кунед аз як оила чор нафар мактаб мехонанд ,,холо дар бораи таъмири мактаб умуман сухан намеравад ,охир мактабхо давлати мебошанд ё шахси ? мехостам ба ин суоли ман мутахасиси вазорати маориф чавоб диханд.

Файласуфи Юнон
Медонет чи панҷ сол пеш мактабро хатм кардам,. ХОЛО бошад хатмкунандаи донишгох вазъи донишомузи дар мактаб ба дарачае паст рафтааст, ки тасаввур кардан аз ақл берун аст. солҳое ки ман дар мактаб мехондам. пешрави каму беш дида мешуд.Як устодам бовар кунед 5 фанро дар як саот ба панҷ нафар медод. барои мисол ФИЗИКА, ИНФОРМАТИКА АЛГЕБРО ГЕОМЕТрИЯ Ва Баъзан Химия холо бошад. Ба мактаб шахсонеро муалоим кардаанд, ки дар мактаби миёна баъзур тахсил кардаасту набера е келини дректор аст. кадри ҷавонро камтар ба кор кабул менамоянд. Сад дар сад бовар дорам ки тар тамоми соҳаи маориф холо дарсдиҳию дарсгузари ярмарка шудааст. онҳо соати дарсро барои маош шуда зиёд мекунанд. То моҳонаашон зиёд гардад. ягон маркази тафтишотие нест, ки дониши хамаи мактабхонҳоро бисанчаду баъдан дониши Худи устодро. Ёд дорам, ки соли 2008 дар синфи 11 таҳсил менамудаму Комиссия ба дарси мо даромада омад. дар журнал ҳама панқро дида ҳуш аз сараш парида мисоле навишт то панҷгирҳо ҳал намоянд, вале касе аз ӯҳдаи он набаромад. Боз он усодам хоҳад аз ними чоряк омада дарс мегузароад нахоҳад ба Руссия меравад... Имрӯз бошад насли ҷавон дар дарс ба сахифаи однокласник даромада байни якдигар муаллимро бахогузори мекунанд. Барои онҳо Танҳо пул лозим . На сифату дониши насли чавон.

Махз музди кам буд, ки кадри чавон мухочир шуд!!!

Вокеан сатхи дониши хонандагон то хадде паст аст, ки гуфтан мумкин гайр аз хондану навиштан, дигар чизеро намедонанд. Барои хондану навиштанро ед гирифтан, чи хочати 11 сол тахсил кардан аст. Аз як тараф самараи дарси худи устодон бо сабабхои гуногун бисер паст аст, баъзе устодон вичдон надоранд, як кисми дигарашон хохиш надоранд, як кисми дигар чантои инхоро. Аз тарафи дигар худи шогирдон хам чандон хохишу хаваси донишомузиро надоранд. Дуруст аст, ки маоши устодон паст аст, аммо давлат хам имконияти ба кадри кофи баланд кардани онро надорад. Дар чунин холат вазорати маориф чи кор карда метавонад? Аз руи инсоф гуем, вазорати маориф то андозае чрачуи мекунад, аммо имкониятхояш хама тарафа махдуданд. Масалан, бо ташаббуси вазир, маркази технологияхои информатсионии вазорат барои хонандагон сайт сохтаанд, ки мувофики максад бояд онхо масъалахои дар он чо гузоштаро хал карда, ба ВМ фиристанд ва рейтинги худро дар микиеси кишвар аз фанхои гуногун муайян кунанд. Ман баъзан ба сайт даромада мебинам, ки чандин хонандагон дар он чо номнавис хам шудаанд, аммо хеч не, ки бо сабаби номаълум рейтинги онхо муайян шавад. Шояд онхо худро номнавис карда, аз ухдаи халли масъалахо набаромадаанд, е ягон сабаби дигар бошад. Вокеан масъалахо содда нестанд. Шояд рейтинги устодон низ дар хамин сайт гузошта шавад, хеле хуб мебуд. агар донишчуен хам иштирок кунанд, аз фоида холи нест. Агар чи алхол дар сайт камбудихо хело зиеданд, аммо икдоми вазир шоистаи дасгирист. Барои онхое, ки аз ин сайт бехабаранд: https://www.markazi-tik.tj/ Аз ин чо маълум мешавад, ки вазир бепарво нест, аммо у имконияти зиед хам надорад.

Донишчуи гиламанд
Ох аламамро тоза накунед....... Маориф имруз вучуд надорад. Чанд сол кабл донишгохро хатм карда будам, вазъ хело бехтар буд. Донишчуй вазифаи худро дошту муаллим вазифаи худро. Устодон донишчуи мехондагию босаводро дуст медошт. Ду сол мешавад дар ДМТ дар як факултети иктисоди барои маълумоти дуюм гирифтан дохил шудаму пушаймони дарачаи ало хастам. Касе аз ту чизе намепурсад. Пул пул боз хам пул. Хо мудири кафеда хаст, хо дотсент аст, хо профессор аст, ду руз дарс медихад тамом пула дех санчиш ё имтихонро гиру рав. На кадри профессори мондасту на кадри тодсентию на кадри илм. Дар вакташ мехондем чуръати бо мудири кафедра гап задан надоштем. Декан як тараф истад. Имруз деканхора мебини кати донишчу мисли чураю хамкурс сухбату салом мекунад. Эх вои хамин илми имруза чи гап аст...........

99
Аз як одамоне пурсидед, ки худашон намедонанд, чиҳо гуфтаанд!
Охир шумо на таҳлил кардаеду на хулоса баровардаед!
Соҳаи маорифи мо мисли дигар соҳаҳои ҳаётан муҳим, ба пеш не, ба ақиб рафтааст. Шумо мактаб сохтан қати, оё ба сифати таълим аҳамият додаед? Оё коррупсияро дар ин соҳа кам кардаед? Оё шумо медонед, ки муаллимони мо ба талабот тамоман ҷавобгӯ нестанд? Мактабҳои мо то ҳол ҳатто барқ надоранд, чӣ ҷои технологияи муосир! Шумо ба шогирдони имрӯзаи худ як назар кунед! Оё онҳо метавонанд, ки дар оянда дар ин ҷаҳони пуршуру ғавғо ақаллан роҳи зиндагии худро пайдо кунанд?

falon mablag ba vay judo shud falonash baroi in shumo sharm namedored e mardumi mansabdor dar injo ayb aybi muallimiho nest aybi maorifay barnomai soz nadora in maorife ki mo dorem ba kor nameoyad ba yak kavle "Maorifi Pusidagi" fakat az talaboho sum megirand malimoho bale durust baroi on ki majburand maoshi xub nadorand da televizorho mebini injoro obod kardem injoro obod kardem oxi heeeeee Dar digar mamlakatho dar sadikho baroi kudakho bo ipad kor mekunand ki on ipad dar daruni xud barnomaye dorad ki kudakro ba xud jalb mekunad va bo ravishhoi gunogun sathi donishi hamon kudakro mesanjan yak kudaki avrupoi az mutaxassi tojik bolotar ast mo bishin hamixel ba hamin chizhoi khna. Ia guftaniho ziyodan kambudiho ziyodan lekin parvooooo nadoran i odamoi mansabdor aybaye ayb!!!

файласуф
Файласуфи Юнон,
Дар навиштаҳои ман камтар ғалат рафтааст аз гуноҳи Файласуф гузаред. бо айби ширифти тоҷикӣ як чанд ғалати имлои кардаам. Боз мегӯям ки назорат аз болои мактаб хеле суст аст.

AAA
Албатта бо технологияхои пешрафта мучаххаз кардан пешрави. Мо танхо хаминро пешрави медонему халос, хол он ки сатхи дониши хонандагон бехад ба дарачаи паст рафтааст, муаллими варзиш муаллими забон ва адабиёт шавад дониши онхо пеш меравад?? маоши муаллимон хеч неки бо вай маблаггузорихои дар давоми 10 сол зиёд гаштахотон, баланд гардад. Ibrohimjon бародари азиз об аз сар лой охи Шумова танхо Худованд мерасад, онхо хайфи гап шаванду хайфи хохиши дилсузонаи Шумо.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)