Президенти фирории Украина дар терроризм муттаҳам мешавад
Додситони кулли Украина як қатор мансабдорони баландмақоми пешини ин кишвар, бо шумули Виктор Януковичро дар анҷоми амалҳои террорӣ, ки сабаби марги одамон шуд, муттаҳам кардааст. Дар ин бора бахши русии ВВС хабар медиҳад.
Ба иттилои манбаъ, дар баёнияи прокуратураи генералӣ гуфта мешавад, ки Виктор Янукович, президенти фирории Украина, Александр Якименко, раҳбари пешини Хадамоти амниятӣ ва Виталий Захарченко, вазири собиқи умури дохилӣ созмони террористӣ созмон дода, кормандони Хадамоти амниятӣ ва вазорати умури дохилиро ба ин созмон ҷалб кардаанд.
Прокуратура гуфтааст, амри истифодаи нерӯ барои пароканда кардани эътирозгарони Майдонро дар санаи 18-20 феврал Александр Якименко, Виталий Захарченко ва Виктор Янукович додаанд. Ба иттилои манбаъ, дар ҳоли ҳозир тафтишот идома дорад ва ба хотири халал ворид нашудан ба рафти он, ҷузъиёт ифшо намешавад.
Дар пайи задухӯрдҳо дар Киев 106 нафар кушта шудаанд. Янукович, ки феълан дар Русия ба сар мебарад иттиҳомотро рад кардаву гуфтааст, дар мавриди истифода нерӯ алайҳи мардум амр надода буд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Май 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 |
6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 |
13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 |
20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 |
27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |