Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 3 декабр 2016, 00:52

Эмомалӣ Раҳмон қонун «Дар бораи авф»-ро ба имзо расонд

20 август 2011, 07:52

Имрӯз, яъне 20-уми августи соли 2011 Қонуни ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» аз тарафи президент Эмомалӣ Раҳмон ба имзо расид.


Тибқи иттилои дафтари матбуотии райисҷумҳур, қонуни мазкур бо пешниҳоди президент    ба муносибати ҷашни 20-солагии Истиқлол аз тарафи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ қабул гардидааст. Гуфта мешавад, амали қонуни мазкур нисбати шахсоне равона карда шудааст, ки дар чорсўи зиндагӣ ба амалҳои хато даст задаанд.

Қобили зикр аст, ки Қонуни ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» 13-умин санади авф аст, ки дар давоми 20 соли соҳибистиқлолии Тоҷикистон бо пешниҳоди президент қабул ва мавриди татбиқ қарор мегирад. Тибқи 12 санади қаблӣ   наздики 100 ҳазор шаҳрванд авф гардида, онҳо аз идомаи адои ҷазо ё ҷавобгарии ҷиноятӣ  озод карда шудаанд, ё мўҳлати ҷазои онҳо кам карда шудааст.

Тибқи Қонуни мазкур шахсони  ба ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкумшуда, ки аз чор се ҳиссаи ҷазоро дар ҷойҳои маҳрумӣ аз озодӣ адо кардаанд, аз маҳбас ва идомаи минбаъдаи ҷазо озод карда мешаванд.

Ҳамчунин, аз адои ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ, новобаста аз мўҳлати ҷазои таъиншуда ва адои дигар намудҳои ҷазои ҷиноятӣ, ки ба маҳрум сохтан аз озодӣ алоқаманд намебошанд, занон, ноболиғон, мардони аз 55-сола боло, маъюбони гурўҳҳои I, II ва III, шахсони гирифтори бемориҳои саратон, сили узвҳои нафас ва пошхурдаи шадиди шуш, бемории ишемиявии дил, иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ, иштирокчиёни амалиётҳои ҷангӣ дар ҳудуди дигар давлатҳо, иштирокчиёни муқовиматҳои ҳарбию сиёсӣ дар Тоҷикистон,  шахсоне, ки бар асари фалокати Нерўгоҳи барқи атомии Чернобил зарар дидаанд, шахсоне, ки аз даъвати навбатӣ ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ саркашӣ намудаанд ё худсарона қисми ҳарбиро тарк кардаанд ва шаҳрвандони хориҷӣ озод карда мешаванд. Ба ғайр аз ин маҳкумшудагоне, ки аз беэҳтиётӣ ҷиноят содир намудаанд, сарфи назар аз намуди ҷазои ҷиноятии таъиншуда ва шахсоне, ки ҷиноятҳои начандон вазнин ва дараҷаи миёна содир намудаанд ва ба онҳо то 5 сол ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ таъин карда шудааст, аз адои минбаъдаи ҷазо озод карда мешаванд.

Аъзои ҳизбҳо, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва динии ғайриқонунӣ, ки барои содир кардани ҷиноятҳои вобаста ба фаъолияти экстремистӣ ба ҷазои то 5 сол маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкум шудаанд, инчунин ҳамин гуна шахсоне, ки ба мўҳлати зиёда аз 5 сол маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкум шудаанд ва аз се ду ҳиссаи ҷазоро адо намудаанд, агар ҷиноятҳои одамкушӣ, терроризм, ҷосусӣ, тахрибкорӣ ва дигар ҷиноятҳои махсусан вазнинро содир накарда бошанд, низ аз адои минбаъдаи ҷазо озод карда мешаванд.

Бо ҳамин тартиб иштирокчиёни исёнҳои мусаллаҳонаи моҳҳои июн - ноябри соли 1997 дар вилояти Хатлон, шаҳри Душанбе, ноҳияҳои Рудакӣ, Ҳисор, Шаҳринав, Варзоб ва шаҳри Турсунзода, инчунин иштирокчиёни ҳуҷуми мусаллаҳонаи моҳи ноябри соли 1998 дар вилояти Суғд, ки барои ҷиноятҳои содирнамудаашон ба ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкум карда шудаанд ва аз ду як ҳиссаи ҷазоро адо намудаанд, озод карда мешаванд. ҳамзамон ҳамин гуна шахсон, ки парвандаҳои ҷиноятӣ бинобар дар кофтуков қарор доштани онҳо боздошта шудаанд, ё ин ки таҳти таҳқиқ, тафтиши пешакӣ ва баррасии судӣ қарор доранд, ба истиснои ташкилкунандагон ва роҳбарони ин исёнҳо ва ҳуҷуми мусаллаҳона бе даъват кардани онҳо ба мақомоти тафтишотӣ ва суд қатъ карда мешаванд.

Мувофиқи Қонуни ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» кам кардани мўҳлати ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ нисбати дигар маҳкумшудагон, сарфи назар аз мўҳлати ҷазо, намуд ва дараҷаи вазнинии ҷинояти содирнамудаи онҳо, ба истиснои шахсони ба ҷазои якумра маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкумшуда татбиқ карда мешавад. Амали қонуни мазкур нисбати маҳкумшудагоне, ки ҷиноятҳои азонихудкунӣ, исрофкорӣ, қаллобӣ, тасарруфи пулу моли ба тариқи кредит додашуда ва тасарруфи воситаҳои кўмакҳои хориҷиро содир намудаанд, ба шарте татбиқ карда мешавад, ки онҳо зарари моддии расонидашударо пурра барқарор намуда бошанд.

Ҳамин тариқ, мувофиқи маълумотҳои пешакӣ Қонуни мазкур нисбати зиёда аз понздаҳ ҳазор гумонбаршудагон, айбдоршавандагон, судшавандагон ва маҳкумшудагон татбиқ карда мешавад. Аз ҷумла дар назар аст, ки зиёда аз чор ҳазор маҳбусон аз муассисаҳои ислоҳӣ озод карда шуда, мўҳлати ҷазои маҳрум сохтан аз озодии адонагардидаи зиёда аз шаш ҳазор маҳбусон кам карда шуда, зиёда аз ду ҳазору чорсад шахсоне, ки ба ҷазоҳои ҷиноятии бо маҳрум сохтан аз озодӣ алоқаманд набуда, маҳкум шудаанд, аз ҷазо озод карда шуда, нисбати зиёда аз ду ҳазор нафар парвандаҳои ҷиноятие, ки дар пешбурди таҳқиқ, тафтишоти пешакӣ ва баррасии судӣ қарор доранд, қатъ карда мешаванд.

Матни пурраи Қонуни ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» дар рўзномаҳои расмии кишвар ба нашр расонида мешавад.{jathumbnail off}



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!