Русский  >>  فارسی  >>  Душанбе 5 декабр 2016, 05:24

Имзои созишномаи ҳамкорӣ миёни ҲХДТ ва ҳизби коммунистии Хитой

23 август 2011, 03:38

Эмомалӣ Раҳмон ҳайати ҳукуматӣ-ҳизбии ҷумҳурии мардумии Чинро, ки бо сарварии намояндаи воломақоми мақомоти марказии ин кишвар Чжоу Юнкан ба Тоҷикистон ташриф овардаанд, ба ҳузур пазируфт.


Дар мулоқот масоили ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистону Чин мавриди баррасӣ қарор гирифт. Бино ба иттиллои хадамоти матбуотии президент таваҷҷуҳи асосӣ ба густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои иқтисод ва савдо, энергетика, нақлиёт ва коммуникатсия, роҳсозӣ, саноат, кишоварзӣ ва  амнияту мудофиа зоҳир гардид. Зикр гардид, ки  дар  ҳамкорӣ бо ширкатҳои бузурги Хитой беш аз 50 лоиҳаи калонҳаҷми дорои аҳамияти умумидавлатӣ ва минтақавӣ дар Тоҷикистон амалӣ мегарданд. Ҳарду ҷониб омодагии устувори худро ба густариши минбаъдаи ҳамкории дуҷониба, аз ҷумла бо ҷалби имконоти васеи минтақаи фарохи ноҳияи Синсзян-Уйғури ҷумҳурии мардумии Чин таъкид намуданд.

Манбаъ афзуд, пас аз анҷоми музокироти дуҷониба  се санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид:Созишномаи ҳамкорӣ миёни ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон ва ҳизби коммунистии ҷумҳурии мардумии Чин; Созишномаи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ – техникӣ; Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ.Тибқи созишномаи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ – техникӣ ба  Тоҷикистон дар ҳаҷми 120 миллион юан (пули миллии Чин) кўмаки бебозгашти техникӣ расонда мешавад.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!