Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 3 декабр 2016, 22:35

Фирор: Як сол гузашт, аз 25 нафар танҳо 1 нафар дар озодист

23 август 2011, 04:38

Шаби 22-юм ба 23-юми августи соли 2010  25 нафар аз маҳбусини боздоштгоҳи муваққатии КДАМ  аз зиндон фирор карданд.


Бо гузашти як сол аз ин ҳодиса, танҳо як нафари ин фирориҳо- Аъзам Зиёев, ки бо тахаллуси Аъзами Панҷара маъруф аст, боздошт нагардидааст. Тибқи иттилое, ки то ин замон рӯйи даст аст, аз шумули 25 каси гуреза  8 нафари онҳо аснои амалиётҳои мухталифи ҳарбӣ ба қатл расида, 16 нафари дигар дастгир шудаанд. Маврид ба ёдоварист, ин ҳодиса бойис ба он гардид, ки райиси КДАМ Хайриддин Абдураҳимов аз вазифааш сабукдӯш гардад ва ба ҷои ӯ Саймуъмин Ятимов таъин шуд. Ба ҷуз ин  Сайдулло Бердиев, муовини собиқи боздоштгоҳ ва посбон Сӯҳроб Акбаровро барои хунукназарӣ дар иҷрои вазифа ба мӯҳлати ҳаштуним сол аз озодӣ маҳрум карданд. Ҳамчунин як посбони дигари боздоштгоҳ Саидалӣ Саидов ба ду соли зиндон маҳкум шуд.

Ёдрас менамоем, фирориёни 23-юм ва 24-ум рӯзи 25-уми июли соли равон дар дар деҳаи Чилдараи ҷамоати деҳоти Ҳафтчароғи ноҳияи Тавилдара  ошкор карда шуданд. Аснои дастгир намудани ҷинояткорон аз ҷониби онҳо муқобилияти сахти мусаллаҳона нишон дода шуд, ки дар натиҷа Зиёев Ҷонибек Абдусамадович, таввалудаш 8 феврали соли 1979, зода ва истиқоматкунандаи деҳаи Туғули ноҳияи Панҷ ва Ҳасанов Баҳриддин Қаюмович, таввалудаш 15 июли соли 1968, зода ва истиқоматкунандаи деҳаи Чашмасори ноҳияи Тавилдара дастгир карда шуданд, ки охирин дар рафти муқовимати мусаллаҳона захмӣ гардида фавтид.

Ҳамакнун, Зиёев Аъзамшо Аҳтамович ягона фирориест, ки ҳанӯз боздошт нашуда, дар озодӣ ба сар мебарад ва ҷои сукунати ӯ ба мақомот рӯшан нест. Кокулов Фахриддин Сайфиддинович, Иброҳимов Ҷумъа Абдусаломович,  Бозоралӣ валади Эгамбердӣ,  Сулаймонов Гусейн Шарипович, Азизов Раҳмиддин Саъдуллоевич, Ҳасанов Баҳриддин Қаюмович, Худоёров Мазҳариддин Насриддинович зимни амалиётҳои боздошткунӣ аз сӯи мақомоти марбута муқовимат нишон дода, ба қатл расидаанд.

Абиев Низомӣ Русланович, Ҷабраилов Казбек Ҷабраилович, Аҳмадов Магомед Магомедрасулович,  Алиев Алӣ Магомедович, Холматов Фурқат Тулаганович,  Орифҷонов Баҳром Обидҷонович,  Азизов Ҳикматулло Файзуллоевич  боздошт гардида, дубора ба зиндон равона гаштанд. Маҳмадамир валади Қурбоналӣ, Муҳаммадвалӣ валади Тозагул, Муҳаммадзокир валади Муҳаммадҳалим дар вилояти Тахори Афғонистон боздошт шуданд. Мақомоти кишвари ҳамсоя аз истирдоди онҳо худдорӣ кард. Насриддинов Иброҳим Раҷабович, Азизов Зайдулло Саъдуллоевич, Зиёев Ҷонибек Абдусамадович, Хӯҷаев Саидисмон Абдураҳмонович,  Мирзоев Абдурасул Раҳмонович,  Наимов Толибшо Аламович,  Юлдошев Ҳамидулло Абдуғаффорович. Аммо ахирӣ аснои амалиёт дар водии  Рашт кушта шуда, ҷасади ӯ ба рӯдхона афтида, ғарқ гардидааст.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!