Бахшҳо
16 май 2014 17:49Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

Зангҳои таҳдидомез ба Орзу Исоев, муҷрии “Баҳси имрӯз”

Орзу Исоев, муҷрии барномаи “Баҳси имрӯз” дар Радиои “Имрӯз”, мегӯяд, тӯли тақрибан даҳ рӯзи охир афроди ношинос барояш занг зада, ӯро мавриди таҳқиру таҳдид қарор додаанд. Ба қавли Орзу, ин афрод ҳатто дар ҳаққи модараш дашномро раво дида, ба ӯ гуфтаанд, “алафи худро паст чарида гард”.

“Намехоҳам, аз пашша фил созам. Дар аввал чандон таваҷҷӯҳ надоштам, аммо баъдан ин авҷ гирифт. Чанд рӯз пеш дар як тӯй баромад доштам, ки ба ман занг зада, дар ҳаққи модарам дашноми зиёд карданд”,-афзуд ӯ.

Орзу Исоев мегӯяд, аз сабаби зиёд ворид шудани зангҳои телефонӣ натавонистааст, ҳамон рақами таҳдидкардаро ҳифз намояд ва аз болояш расман ба мақомот шикоят кунад. Ин хабарнигори тоҷик давоми 2 моҳи охир аз соати ҳафти субҳ то даҳи рӯз барномаи “Баҳси имрӯз”-ро ба шунавандагон ба таври мустақим тақдим мекунад, ки бештар дар он мардум дарди дили худро ошкоро баён мекунанд. Чунин баҳсҳо дар бораи “облава”-и ҷавонон, маъюбии Шаҳбол Мирзоев ва марги мармузи бархе аз шаҳрвандон шуда буд.
Мӯҳр
ОКОИ ОРЗУ ИСОЕВ БА ГУФТИ РУСХО "ПОНТ"-РО ХЕЛО ДУСТ ДОРАД, ВА ГУФТАХОИ У ХАМААШ АЗ РУИ ПАСТ ШУДАНИ МАШХУРИЯТИ ШАХСИЯШ АСТ.

Маслихатчи
Ала бгу капам дуд кардаистодаст. Ягона рох хаминаст ки аз минбари баланди радио бгу ки мара як ношинос бо ракамхои ххххххххх занг зада дашном додааст. Харкас сохиби ин ракамро шиносад е маълумоте дошта бошад ба Шумо занг занад ва 1000 сомони тухфа гирад.
Нигах кун дар давоми 1 соат бачаакои макомотхои болои ва пойони аз ягончо пайдо карда зада зада мегиран пеши худат меоранша.

Сабаби хамаи ин корхо дар гуфтани хакикатаст ва ин кори Орзу ба вазифадорон писанд намеояд... Вале ба бародарам Орзу Хаминро мегуям, ки "Хакикатро гуфта аз газаби подшох натарсен, зеро онхо ба чисми Шумо хучаинанд на ба рухи Шумо...."

сино
Наход то ин дарача кундзехн "тупой" боши ки ракамро аз руи соат ва дарозии гуфтугу наеби.

Хакикат ТАЛХ аст... Акаи Орзу ба пеш мо тарафдори Шумо...

Натарс акаи Орзу Худованд зиндаги ва маргро барои одами як бор меофарад!. Нокасон дар хама давру замон чунин хастанд. Дар асл буздил хастанд мард нестанд.

Бародар пас мавқеи журналистиат боло рафтааст. Эшонро бо барномаҳоят талхакаф кардай. Офарин. Бо як, ду таҳдиди ноҷавонмардона аз ин кори пешгирифтаат нагардӣ боз.

точик
салам алайкум! Аллох баракат дихад Шуморо Орзубек бо шумо хастем

Чаноби Орзу думи айбдорони сумдорро сахт зер кардаанд, анаи барои хамин тахдид мекунанд. Журналисти асил бояд хакикатнигор бошад ва чунин журналист душманони зиед пайдо мекунад, шумо хам ба ин дучор шудед.Бароятон муваффакият хохонем.

Чаноби Орзу думи айбдорони сумдорро сахт зер кардаанд, анаи барои хамин тахдид мекунанд. Журналисти асил бояд хакикатнигор бошад ва чунин журналист душманони зиед пайдо мекунад, шумо хам ба ин дучор шудед.Бароятон муваффакият хохонем.

хавас
Орзу хамин гапи дуруг.ки гуфти кушиш кун ба хакикат наздикаш кун.Дар муддати 10 руз раками телефонро натавонисти муайян кардан Дуруги бо вохима мегуи

jinjoni
Донишчу, хуб донишчуи бало бдай неки. "... Акаи Орзу ба пеш мо тарафдори Шумо..." - яъне ки акаи Орзут зане калаю пуст, мо аз дури тамошобин

Акаи Орзу номерои хаму мрга мара бте ма катиш аделна гап мезанм Акаи Орзу зинда боши ту яке аз журналистони бехтарини Точикистони номероша да якончо бнавис

Барои хамин мо точикон пеш намеравем,дар кучое як журналисти хакикатгуяст,дар кучое як хофиз е хофизаи хубаст мо точикон бояд хамуро амихеле кунем ки е аз ватан кахр карда равад е корро бас кунад.Ана агар дар чои Орзу як падхалим бошад, дуздора Кати порахуро хамика болое мебардорад кии. Орзучон аз ягон Касу нокас натарс! Худочон туро нигох кунад,шумобарин инсонхо бовар кунед ангуштшуморанд.

тj..
Тавба ман хамаи ин каментарияхоро рочеъ ба ин мавзуъ хондам ва афсус аз он мехурам ки баъзе шахсон худро чунон донову бино мегиранд ва гуйе худашон бисер хакикатгуй е лагандбардор набошанд ки чунин суханони ночову бемаврид гуфтаанд.Аммо ман мутмаинам ки Орзу Исоев ба чунин гуфтахои баъзе '' афрод '' таваччух намекунад .Бигзор хама журналистон ба мисли Шумо тавонанд ки мушкилии шахсеро акалан бо сухани хубу маслихати муфид кумак намоянд.Худованди бузург нигахбонатон бошад БАРОДАРИ АЗИЗ.

Бародар Орзу ана акнун вақти мубориза фарорасид набояд шумо ақабнишини кунед он касофатҳри миллатфуруш шумро тарсондан мехоҳанд онҳо намехоҳанд ки мардум аз ҷиноятҳо бохабар шаванд коре ки ту мекуни Барои худову барои миллат аст Боз бароят ҷасури ва ҳақиқатгуйи ро орзумандам худованд туро аз найранги бадхоҳон нигаҳбон бошад

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)