Русский  >>  فارسی  >>  Душанбе 5 декабр 2016, 03:16

Чин дигар чора надорад?

23 август 2011, 11:08

Хитоибача наметавонад зан гирифта оила бунёд кунад. Ва яке аз мушкилоте, ки роҳбарияти Чинро домангир мешавад, ин милён-милён ҷавонони солиму бӯзбалаву беоиларо дар куҷо ва ба чӣ кор фарогир кардан аст. Вазъиятро бошад, вазъи иқтисодиву иҷтимоии давлат боз вазнинтар мегардонад.

 

Аҳолии давлати Чин ба 1-миллиарду 341-миллион нафар расид. Дар ин кишвар мардон нисбат ба занон ба миқдори тахминии аз 50 то 100-миллион зиёдтаранд.  Ин падида сарварони Хитойро безобитаву ҳайратӣ кардааст. Гуфта мешавад, дар ҳоли ҳозир дар ҳамаи кураи замин шумораи мардон нисбат ба занон ба маротиб зиёд буда  ва ин амалиёт дар ҳолати боз ҳам болоравӣ қарор дорад. Аммо омори дақиқи шумори ҷинсиятро чиноиҳо ҳанӯз гуфта наметавонанд, зеро ба андешаи коршиносон, дар Пекин доимо факту рақамҳои носанҷидаву тасдиқношуда расонаӣ мешаванд.Вале нодурустии омор дар ин ҷо боиси ҳайронӣ буда наметавонад.Шумораи умумии аҳолии Чин дар соли 2010-ум 1-млрд. 341-миллион нафарро ташкил додаст, аммо ба андешаи боз ҳам коршиносон, ин шумора тахминӣ аст ва хеле кам нишон дода шудааст.

Дар ҳамин ҳол агар тафовут миёни ҷавонони ин кишварро пайгирӣ кунем, пас фарқияти ҷинсҳо боз ҳам нигаронкунанда аст. Миёни аҳолии сину соли аз 20-сола поин ба 100-духтарбача 126-ҷавон рост меояд. Дар баъзе аз манотиқ миёни кӯдакони то 4-сола ба сари 100-духтарак 140-бача мерасад. Ана ҳамин гуна ҳолатҳо сарварони Чинро  зиёд ба ташвиш овардааст.

Замоне мерасад, ки хитоибача наметавонад зан гирифта, оила бунёд кунад. Ва яке аз мушкилоте, ки роҳбарияти Чинро домангир мешавад, ин милён-милён ҷавонони солиму бӯзбалаву беоиларо дар куҷо ва ба чӣ кор фарогир кардан аст. Вазъиятро бошад, вазъи иқтисодиву иҷтимоии давлат боз вазнинтар мегардонад. Замони ахир дар Чин деҳқонҳо заминро аз даст додан доранд, барои мисол то соли 2010-ум зиёда аз 50-миллион деҳотиҳо безамин мондаанд ва  эшонро касе замонати оддитарин нигаҳбонии бозмондагон: нафақа, кӯмакрасонӣ ва ёрии тиббиро дода наметавонад. Барои дарёфти дигар кор бошад, саводу ихтисосашон намерасад. Ҳамаи ин мушкилот вазъи иҷтимоиро дар ин кишвар носолим гардондан дорад. Баъзе аз коршиносон бар он назаранд, ки барои баромадан аз ин вазъи воқеан ногувор, сафи артиши давлатро боз ҳам зиёдтар кардан зарур аст. Аммо гуфта мешавад, ки ягон Артиш дар ҳеҷ давру замон  «бекор»намемонад, ӯро ҳатман «ҷанг» лозим аст.

Деҳқонӣ ва ё ҷанг…

Аммо  ба ақидаи коршиносон, ин ҳолати баромадан аз вазъият шуда наметавонад. Воқеан, чанде пештар дар ҳамойии вазирони савдои ҷумҳуриҳои Осиёву Аврупо, ҷониби давлати Русиё пешниҳод кард, ки бо сабаби зиёд будани заминҳояш дар манотиқи шарқу ҷануб, осиёгиҳо метавонанд бемалол ва ройгон аз заминҳои  русҳо ба манфиати худашон истифода баранд.  Андрей Слепнев, муовини вазири рушди иқтисоди Русиё гуфтааст, « имрӯз аз ташкилоту ҷамъиятҳои минтақа

даъват намудем то ба бозори Русия ворид шаванд, худро мустаҳкам кунанд ва танҳо барои худашон маҳсулоти хӯрокворӣ истеҳсол намоянд».

Гуфтанист, ки аз эҳтимол дур нест, то ҷавонписару ҷавонмарди чиноӣ дар заминҳои  русӣ на танҳо ҷойи кор хоҳад ёфт, ки ҳатто зан гирифтаву оила ҳам бунёд карда метавонад. Ба ҳар ҳол, ин амал бо ҳама мушкилу проблемаҳояш  садҳо маротиба беҳтар аст аз ҶАНГ.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!