Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 25 феврал 2017, 21:18

Ноҳияи Шинҷон (Синсзян-Уйғур)-и Хитой дар иқтисоди Тоҷикистон саҳми бузург дорад

24 август 2011, 03:58

Эмомалӣ Раҳмон дар Душанбе баъд аз зӯхри дирӯз Котиби Кумитаи ҳизбии ноҳияи Мухтори Синсзян-Уйғури ҷумҳурии мардумии Чин Чжан Чунсянро ба ҳузур пазируфт.


Бино ба иттилои дафтари матбуотии президент зимни нишаст масоили ҳамкории Тоҷикистон бо ин минтақаи Чин баррасӣ шуд. Зикр гардид, ки беш аз 60% ҳаҷми умумии мубодилаи молу маҳсулоти Тоҷикистону Чин бо ноҳияи Мухтори Синсзян-Уйғури ин кишвари ҳамсоя рост меояд. Аз фаъолияти босамари ширкатҳои соҳибнуфузи ин минтақа аз қабили «Зи ҷин», «Ти Би Эй» ва «Чайна глобал» изҳори қаноатмандӣ карда шуд. Бо ишора ба он, ки беш аз 70% табодули молу маҳсулоти миёни Тоҷикистону Чин аз тариқи гузаргоҳи сарҳадии баландкўҳи Кулма -Қаросу ҷараён мегирад, таъкид гардид, ки кори он бояд дар тамоми фаслҳои сол дар сатҳу сифати баланд ба роҳ монда шавад.

 

Манбаъ ҳамчунин афзуд, ба  густариши бештари ҳамкорӣ дар соҳаҳои савдо, сармоягузорӣ, энергетика, саноат, роҳсозӣ, маориф, сайёҳӣ ва кишоварзӣ изҳори ҳавасмандӣ карда шуд. Таъкид гардид, ки кишоварзони Тоҷикистон ва ноҳияи Мухтори Синсзян-Уйғур метавонанд дар бахшҳои зироаткорӣ, боғутокпарварӣ, коркарди саноатии меваю сабзавот ва нахи пахтаю пила ҳамкории пурсамар ба роҳ монанд.

 



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!