Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 6 декабр 2016, 10:42

4 адад тайёраи «Sukhoi Superjet-100» ба Душанбе оварда мешавад

24 август 2011, 10:25

Ширкати ҳавопаймоии « Тоҷик Эйр»  парки тайёраҳои худро бо ҳавопаймоҳои Sukhoi Superjet-100 ғанӣ месозад.


Тибқи иттилои хадамоти матбуотии ширкати мазкур, созишнома оид ба харидории 4 ҳавопаймои Sukhoi Superjet-100  аз ҷониби директори генералии ҶСК «Тоҷик Эйр» Музаффар Исоќов ва президенти ҶСП «Гражданские самолёти Сухого» Владимир Присяжнюк дар шаҳри Москва дар доираи намоишгоҳи байналмилалии ҳавопаймоиву кайҳонии  МАКС-2011ба имзо расид. Мутобиқи санади номбурда ҳавопаймоҳо ба лизинги молиявӣ гирифта шуда, нахустин ду ҳавопаймои Sukhoi Superjet-100  соли 2013 вориди Душанбе мешаванд. Ҳавопаймоҳои Sukhoi Superjet-100 (LR) дар хатсайрҳои ҳавоии то 4500 км  тӯлдошта истифода шуда, дорои 98 ҷои нишаст мебошанд. Ҳавопаймоҳои мазкур, ки аз ҷиҳати иқтисодӣ самарaнок арзёбӣ мешаванд, минбаъд ҳавопаймоҳои «Ту-154»-ро иваз хоҳанд кард.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!