Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 11 декабр 2016, 11:01

Системаи бехатарӣ дар партовгоҳи радиоактивии Файзобод беҳтар гардид

24 август 2011, 11:00

Тревор Мур, сафири Британияи Кабир дар Тоҷикистон ва намояндагони Барномаи умумибашарии ин кишвар оид ба паст кардани хатар (GTRP)  ба ноҳияи Файзобод ташриф оварданд.


Тавре ба хабаргузории «Озодагон» аз мақомоти дипломатии англис иттилоъ доданд, ин ҳамойиш ба хотири кушодашавии иншооти нави системаи бехатарӣ ва ҳимояи масолеҳи радиоактивӣ ва анҷоми лоиҳаи муштараки Тоҷикистону Британия сурат пазируфт. Лоиҳаи мазкур, ки аз ҷониби GTRP маблағгузорӣ карда шудааст ва тавассути Оҷонсии Байналмиллалӣ оид ба энержии ҳастаӣ (IAEA), ки намояндагони он дар ин ҷамъомад низ ширкат доштанд, амалӣ гардидааст, системаи муҳофизатии иншооти ҷумҳуриявиро оид ба партовҳои радиоактивӣ воқеъ дар Файзобод тавассути ҷиддан беҳтар гардонидани  инфраструктураи мавҷудаи он хеле мукаммал намуд.
Мақсади лоиҳаи мазкур чун тамоми лоиҳаҳои дигари GTRP ин ба талаботи Оҷонсии байналмилалии қувваи ҳастаӣ (IAEA) мувофиқ кунонидани системаи бехатарӣ ва ҳимояи масолеҳи радиоактивӣ мебошад.

“Ман хело хурсандам, ки имрӯз дар маросими беҳтар гардонии системаи бехатарӣ дар Файзобод ширкат меварзам. Барои Барномаи умумибашарии Британияи Кабир оид ба кам кардан хатар ин лоиҳаи муҳим ва мушкил буд ва он якҷоя бо  Оҷонсии байналмиллалӣ оид ба энержии ҳастаӣ ва ҳукумати Тоҷикистон, ки масъулияти таъмини бехатарии масолеҳи ҳаставӣ ва радиоактивӣ, ҳамчунин масолеҳе, ки дар Файзобод мавҷуд ҳаст, ба дӯш дорад, амалӣ гарди »,-иброз кард ҷаноби Мур.

Ёдрас менамоем, барномаи умумибашарии Британияи Кабир оид ба паст намудани хатар аслан барои муайян намудани саҳми Британияи Кабир дар барномаи “Шарикии умумӣ”-и G8 барои 10 сол тарҳрезӣ шудаст ва соли 2002 лоиҳае бо маблағи 20 миллиард доллар оғоз гардид, ки мақсади он асосан кӯмак расонидан ба Русия ва кишварҳои собиқи шӯравӣ дар масъалаи  ҳалли боқимондаҳои силоҳ ва масолеҳи ҳастаӣ, ки аз замони шуравӣ мерос мондааст, мебошад. Саҳми ҳукумати Британия Кабир дар ин лоиҳа 750 миллион долларро ташкил медиҳад, ки то имрӯз зиёда аз 350 миллиони он истифода шудааст.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!