Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 11 декабр 2016, 07:15

Қочоқи инсон дар Тоҷикистон падидаи нав нест

24 август 2011, 11:47

Ба умеди таҳсил дар шаҳри Тошканд ба ҳавопаймо нишастем, аммо баьди ба салони ҳавопаймо нишастан фаҳмидам, ки тайёрае, ки мо нишастаем на ба Тошканди Ӯзбакистон балки ба шаҳри Дубай парвоз мекардааст.

Бино ба иттиллои Созмони Миллали Муттаҳид дар ҳоли ҳозир ҳудуди 30 миллион нафар дар саросари ҷаҳон зери асорати гурӯҳҳои ҷиноӣ дар ҳоли ғуломиву  қурбонӣ қарор доштаанд. Ва харидуфурӯши инсон яке аз роҳҳои ба даст овардани пули калон дар бозори сиёҳ дар ҷаҳон буда, пас аз қочоқи силоҳу нашъа дар ҷои саввум мавқеъ дорад. Масъулони созмонҳои дифоъ  аз ҳуқуқи қурбониёни қочоқи инсон дар Тоҷикистон  мегӯянд, ки пажӯҳишҳо ҳоқӣ аз онанд, ки раванди  хариду фурӯши одамон дар ҳар  манотиқи кишвар  ба таври фаровон ба мушоҳида мерасад. Онҳо ин ақидаро ҳам ҷонибдорӣ мекунанд, ки камбуди ҷои кор, ниёзмандии рӯзгор ва камиттилоӣ аз омилҳое маҳсуб мешудааст, ки иддае аз сокинонро ба ҳалқаи гурӯҳҳое мебарад, ки бо мақсади  истисмори шаҳвонӣ ва ғуломӣ истифода мешаванд.


Хатсайри Тошканд, аммо  ба Дубай
«Баьди хатми синфи 11 дар соли 2010 яке аз дугонаҳои наздикам таҳсил дар шаҳри Тошкандро пешниҳод кард. Ӯ гуфт, ки маро ҳамроҳи худ ба Тошканд мебарад. Ба ин пешниҳоди ӯ аҳли оилаамон ҳам розӣ шуданд. Мо рӯзи 20 -уми июли соли 2010 ба умеди таҳсил дар шаҳри Тошканд ба ҳавопаймо нишастем, аммо баьди ба салони ҳавопаймо нишастан фаҳмидам, ки ҳавопаймое, ки мо нишастааем на ба Тошканди Ӯзбакистон балки ба шаҳри Дубай парвоз мекардааст. Баьди се рӯзи буду бош дар Дубай, фаҳмидам, ки дугонаам маро барои иҷрои кадом корҳо ба назди хориҷиён овардааст». Ин суханони  Судоба ном як духтари 19 солаест, ки бо хости ӯ мо номашро тағйир додем. Ӯ як сол муқаддам аз ҷониби афроде  бо роҳи фиреб ба Аморати Муттаҳидаи Араб бурда шуда ва  мавриди истисмори ҷинсӣ қарор гирифтааст. Судоба нақл мекунад, ки  мусибати зиёдро аз сар гузаронда бемор мешавад. Бо муроҷиати пайвастаи волидонаш вай аз ҷониби созмонҳои ҷамьиятӣ ба зодгоҳаш ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бармегардад.

Рафоат Бобоева, сарвари иҷроияи иттиҳоди ҷамъиятии «Чашмаи Ҳаёт» дар шаҳри Чкалов  мегӯяд, дар тӯли соли сипаришудаи 2011  12 ҳодисаи истисмори ноболиғон ошкор шудааст. Хонуми Рафоат бар ин назар аст, ки камиттилоиву нодорӣ ва ниёзмандиҳои рӯзгор шуморе аз наврасонро ба доми гурӯҳҳое мепартояд, ки барои иҷрои ҳаргуна кору амалҳои зишт такя ба нерӯи онҳо мекунанд. «Паст будани шароити иқтисодӣ дар оила, бепарастор мондани наврасон, дониши пасти ҷавонон ва ҳам надонистани ҳуқуқҳои худ дар назди қонун аз омилҳои асосианд, ки шахс курбонии харидуфурӯши инсон шуда метавонад»,- изофа мекунад ӯ.  

Ахиран, созмони ҷамъиятии «Консорсиуми ташаббус» дар Хуҷанд  як  назарпурсиии сартосарии сотсиологиро гузаронда, ки дар он сабабу  омилҳои хариду фурӯши одамон баррасӣ шудааст. Ба гуфтаи яке аз мубтакирони ин тарҳ, Хайриниссо Расулова, пурсиши гузаронидашудаи онҳо маьлум кардааст, ки раванди  хариду фурӯши одамон дар ҳар  манотиқи кишвар  ба таври фаровон ба мушоҳида мерасад.  

Омор
Илёс Идрисов, муовини додситони вилояти Суғд дар як нишасти хабарӣ дар ҷамъи  хабарнигорон гуфта буд, ки «интиқоли занҳо умдатан ба Аморати муттаҳидаи Араб ва кишвари Туркия сурат мегирад. Вобаста ба хариду фурӯши одамон аз ҷониби прократураи шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд 9 парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст. Аз ин парвандаҳои ҷиноятӣ 5 тоаш нисбати 10 нафар баьди анҷоми тафтишоти пешакӣ бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ ёфта, ба  додгоҳ  ирсол гардида, нисбати 3 парвандаи ҷиноятӣ аз ҷониби додгоҳ ба шахсони гунаҳгор ҷазои сазовор таъин карда шудааст»…

Қамари Аҳрор


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!