Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 3 декабр 2016, 22:37

Қӯтоспарварӣ ба пайдоиши ҷойҳои нави корӣ мусоидат кардааст

13 май 2011, 06:12

Теъдодии хоҷагиҳои қӯтоспарварӣ дар  ҷумҳурӣ ба 57  адад расидааст, ки ин ба пайдо гардидани ҷойҳои нави корӣ мусоидат мекунад. Тибқи омори расмии вазорати кишоварзӣ саршумори қӯтос дар Тоҷикистон соли 2008-18 ҳазору 300,  соли 2009- 19 ҳазору 800 ва соли 2010-ум ба 21 ҳазору 500 сар расонида шудааст, ки ин нишондод нисбати соли 2007    36% афзоиш ёфтааст.

Ба иттилои манбаъ, қӯтосро барои истеҳсоли гӯшт, шир, пашм парвариш мекунанд ва вазни он ба ҳисоби миёна, буқаҳои наслдеҳ 450-460кг, модаговҳо 320-360кг мебошад. Миқдори шири қутосҳо дар як сол ба 600-700 кг ва равғаннокии шири онҳо ба 6,5-7,2 % баробар мебошад, ки нисбати равғаннокии шири модаговҳои муқаррарӣ қариб ду маротиба зиёд мебошад.
Маврид ба тазаккур аст, ки дар шароити иқлими ҷумҳурӣ қӯтос асосан дар вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ноҳияҳои Айнӣ ва Кӯҳистони Мастчоҳи вилояти Суғд ва ноҳияи Ҷиргатол парвариш карда мешавад.{jathumbnail off}


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!