Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 11 декабр 2016, 11:01

Кабирӣ дар Владивосток дар маросими ифтитоҳи масҷид ширкат варзид

26 август 2011, 05:48

Ҳайати ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон аз  21 то 23 август аз дуртарин минтақаи  Русия- Приморе дидан намуд ва дар шаҳрҳои Владивосток, Уссурийск ва Артем бо муҳоҷирини тоҷик вохӯриҳо анҷом дод.


Тавре сомонаи nahzat.tj менависад, ҳайат дар маросими кушодани масҷиди нав , ки бо талош ва ташаббуси тоҷикони муқими ин шаҳр сохта шудааст, ширкат намуд. Раиси ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ ва раиси шӯъбаи ҳизб дар вилояти Суғд Наимҷон Самиев дар маросим суханронӣ намуданд. Раиси ҲНИТ ин иқдоми ҳамватанонро ҳадяи тамоми тоҷикон ба мусалмонон ва саҳми миллат дар рушди фарҳанги исломӣ дар ин диёр номид. "Масҷиди биношуда на танҳо ҷойи ибодат, балки макони ваҳдат ва ҳамкории  тамоми мусалмонони минтақа, ба хусус тоҷикон бояд бошад. Зеро, мо тоҷикон дар ғурбат дигар ҷойе муносибтар аз масҷид ҳамчун меҳвар барои ҳифзи  фарҳанг ва ҳуввияти хеш надорем. Ин масҷид пеш аз ҳама макони ибодати Худованд аст, вале метавонад барои ҳамватанони мо ягона ҷое бошад, ки тавассути он тоҷикон атрофи ҳам ҷамъ бошанд, меҳварият дошта бошанд ва ба якдигар кумак бирасонанд».  Рузи дигар , ҳайат ба шаҳри Уссурийск сафар намуд, ки дар наздикии марзи Чин қарор дорад ва наздики 500 тоҷик аз гушаҳои мухталифи кишварамон онҷо кор ва истиқомат менамоянд. Ҳайатро роҳбари созмони ҷамъиятии "Дустии халқҳои Осиёи Марказӣ", ҳамватани мо Мусоев Зокир то ин шаҳр ҳамроҳӣ намуд.  

Маврид ба тазаккур аст, ки дар минтақаи Сибир ва Приморе умури аксари марказҳои динӣ ва масоҷид дар ихтиёри тоҷикон мебошад. Гуфтанист, масҷид дар тӯли таърих барои мусалмонон нақши созанда ва ваҳдатофарин доштааст ва   дар оянда низ масоҷид меҳвари ваҳдату якпорчагии тоҷикон ва дигар мусалмонон хоҳанд буд.Хайати ҲНИТ шоми рузи 24-ум аз Владивосток ба шаҳри  Санкт-Петербург сафар намуд.Қарор аст имрӯз соати 16 ба вақти Санкт- Петербург вохӯрии ҳайати ҲНИТ бо муҳоҷирон баргузор шавад. 


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!