Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 6 декабр 2016, 13:11

Духтарони президент - ҳофизони Қуръон

26 август 2011, 06:43

Дар кохи давлатии фарҳанги шаҳри Грозний маросими ҷамъбасти озмуни чумҳуриявии ҳофизони Қуръон миёни духтарон баргузор гардид.


170 нафар духтарон барои шинохта шудани беҳтарин ҳофиз ва қории Қуръони маҷид талош  варзиданд. Озмун аз рўи ду бахш- тиловати дурусти Қуръон ва донистани сарфу наҳви забони арабӣ сурат пазируфт.

Тавре масъули баргузории ин озмун Ваха Хашханов ба расонаҳо иброз кардааст, сабқат дар ду давр ҷараён гирифта, аз 170 нафар довталабон 55 нафар ба даври дуввум иҷоза гирифтанд. Аз миёни ин 55 нафар 4 нафар тавонистанд имтиҳони сангини доваронро убур карда, ба даври ниҳоии озмун бароянд, ки миёнашон 2 духтари президенти Чеченистон Рамазон Қодиров- Ҳутмат ва Ойишат низ будаанд.

Барои ҷойи аввал сабқат миёни хоҳарон Ҳутмату Ойишат сурат гирифта, дар натиҷа ҳайати доварон ба Ойишат  мақоми  аввалро муносиб дониста,  Ҳутматро барандаи Шоҳҷойиза – Гранприи озмун эълон доштанд. Наталя Усаева, сазовори ҷойи саввум ва  Малсарат Муталлибова ғолиби чойи дуввум дониста шуданд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!