Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 25 апрел 2017, 09:51

Дархости кӯмак аз ҳамсари президент

13 май 2011, 07:16

Бонувони Озорбойҷон аз ҳамсари президент дархости кӯмак шудаанд. Раиси Шӯрои бонувони Ҳизби исломии Озарбойҷон Нуроста Иброҳимова бо эътироз бо бархӯрди масъулин дар қиболи ҳиҷоб ва ё рӯсарии духтарони мактабхон дар ин бора ба хабаргузориҳо маълумот додааст.

Ӯ ҳамчунин гуфт, новобаст аз он ки толибилмони ҳиҷобдор чанд моҳи охир аз тадрис берунанд, барои аз байн бурдани ин мушкил масъулин иқдоме накардаанд. Мо медонем, ки  ниҳодҳои ҳукуматӣ ҳамаҷониба пӯшидани ҳиҷобро дар ҷомеа мамнӯъ карданианд. "Ҳиҷоб - ин дастури Худост. Бонувони озарӣ ҳаққи худро барои иҷрои ӯҳдадориҳои диниашон тақозо мекунанд. Аммо бо вуҷуди чунин бархӯрди ҳукуматдорон мо умедворем, ки президент Илҳом Алиев ва ҳамсараш Меҳрубон Алиева ба рои ҳалли ин қазия талош хоҳанд кард»- иброз дошт Нуроста Иброҳимова. Ёдовар мешавем, ки бар асар  як ҳамойиш барои ҳимоя аз ҳаққи бонувони озарӣ дар мавриди пӯшидани ҳиҷоб дар назди бинои вазорати маорифи ин кишвар бархӯрд миёни мардум ва пулис ба амал омада, ҳамчунин муовини раиси порлумони ин кишвар Баҳор Муродова аз ҳаққи мардум дар мавриди анҷоми амалҳои мазҳабӣ ва доштани либоси мусулмонӣ пуштибонӣ карда буд.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Апрел 2017    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!