Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 22:18

Президенти Тоҷикистон роҳбари саммити чоргона интихоб гардид

1 сентябр 2011, 20:26

Имрӯз Эмомалӣ Раҳмон дар оғози нишасти сарони чоргона дар «Кохи Сомон»-и Душанбе гуфт, ин нишаст на  танҳо ба манфиати 4 кишвар, балки ба манфиати минтақа ва тамомои ҷаҳон иртибот дорад.


Тавре хабарнигори «Озодагон» аз бӯстонсарои ҳукуматӣ, маҳалли баргузории мулоқоти роҳбарони кишварҳои Тоҷикистон, Афғонистон ва Русияву Покистон иттилоъ дод, зимнан дар ин ҳамойиш президенти Тоҷикистон афзуд, мо на фақат масоили иқтисодӣ, балки баррасии масъалаҳои фарҳангию сиёсӣ, иҷтимоӣ ва геополитикиро низ дар нақша дорем.Ҳамчунин, Эмомалӣ Раҳмон аз ҳамтоёнаш даъват ба амал овард, ки бигузор дар ин саммит як нафар аз миёни чор президент роҳбари мулоқот интихоб шавад.Бино ба иттиллои расида, Эмомалӣ Раҳмон якдилона ба ҳайси сарвари саммити феълӣ пазируфта шудааст.{jathumbnail off}

 



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!