Бахшҳо
24 июл 2014 11:20Тоҷикистон / Акс

Бӯйи бади партовҳо дар Душанбе: Айби сокинон ё мақомот? (АКС)

Маҳастии Дӯстмурод

Дар ин рӯзҳои гарми тобистон бӯи бад ва тӯдаи партовҳо дар назди бинову сари кӯчаҳои Душанбе сокинонро дилгир кардааст. Агар дар гузашта барои ин кор танҳо аз мақомот интиқод мешуд, ки дар ҳалли ин масъала нотавонанд, аммо бо худи сокинони пойтахт чӣ шудааст?

Малика, як сокини шаҳри Душанбе, мегӯяд, пеш аз ҳама, мақомот талош кунанд, ки дар ин рӯзҳои гармӣ партовҳоро зуд-зуд бигиранд. “Ба андешаи ман, бояд дар назди партовгоҳҳо камераи назоратӣ гузошта шавад, то бубинанд, дар кадом вақт партовҳоро мегиранд ва худи сокинон ҳам ба чӣ шева партовҳояшонро ба қуттӣ мерезанд ё дар наздикиҳои он мегузоранд”,-мегӯяд Малика.

Як омӯзгори мактаби миёнаи пойтахт, ки нахост номаш ифшо шавад, гуфт, «ин мардум, ба қавли устод Айнӣ, «дохунда» мебошанд. Баъзе аз ин «дохундаҳо» дар ҷомеа ҷои худро пайдо карда ва ба маданияти шаҳрнишинӣ мутобиқ шудаанд, аммо дигарон то ҳол фикр мекунанд на ба шаҳр, балки ба қишлоқи калон омадаанду одоби шаҳрнишиниро қабул накардаанд. Дар деҳаҳо, деҳотиҳо аз сокинони пойтахт тозатаранд». Мусоҳиби мо афзуд, чанд бор бо ҳамсояаш дар мавриди дуруст партофтани партовҳо дар партовгоҳҳо сӯҳбат кардааст, аммо ҳамааш бидуни таъсир: “Баъзеаш шавҳарашро ба сари ман оварда буд, ки чаро ба ӯ кордор мешавам?”

Ин дар ҳолест, ки муссисаи давлатии обуҳавошиносӣ хабар дода буд, ки ҳамин рӯзҳо дар Тоҷикистон ҳаво наздики 50 дараҷа гарм мешавад. Дар ин гармӣ партовгоҳҳо пур ҳастанду бӯи бади онҳо атрофро фаро гирифтааст ва роҳгузарону сокинони биноҳои наздик ба онро нороҳат мекунад.

Сокини шаҳр Раъно Гулова, ки дар бинои баландошёна зиндагӣ мекунад, мегӯяд, партовҳои хонаҳои баландошёна дар як ҳафта як бор тоза мешавад: «Дар як моҳ сӣ сомонӣ аз мо талаб мекунанд. Дар ин гармӣ ҳар бегоҳ баъди рӯзакушоӣ ҳама боқимондаи тарбузу харбуз мепартоянд, ки дар ним соат зери офтоб бӯяш ҳамаро фаро гирифта, дар хонаю берун нафас кашида намешавад.”


Бӯйи бади партовҳо дар Душанбе: Айби сокинон ё мақомот? (АКС)

Бӯйи бади партовҳо дар Душанбе: Айби сокинон ё мақомот? (АКС)

Бӯйи бади партовҳо дар Душанбе: Айби сокинон ё мақомот? (АКС)

Бӯйи бади партовҳо дар Душанбе: Айби сокинон ё мақомот? (АКС)

Бӯйи бади партовҳо дар Душанбе: Айби сокинон ё мақомот? (АКС)
Мӯҳр
Салом ба мардуми шарифи Точикистон!
Бародарои гироми ин мавзуи рузмарра аст! Инчо макомот гунахкор нест бовар кунед дар наздикии партовгох хонаи мо карор дорад ва аз буи он истодан намешавад ин хама айби мардум аст на макомот! Макомот куттихоро оварда мондааст саривакт мегирад бовар кунед одамон кудаконро мефиристанд кади вай намерасад мебарад ба замин мепартояд!
Ман хатто бо хамсояхоям чанг шудем барои ин кор бас будагист охир ! Якбор маданияти одаму одамгариро ёд гиред пас ба шахр биёед!

Ннннннннн
Айб дар худи мутасадиен аст, ки аксар вакт аз масъулияти бар душ доштаашон саркаши мекнанд. Зеро агар партовхо Сари вакт тоза карда шаванд кисаи роз барон холи мемонад .хамин АСТ илати всоси

мемури хамун мусората даруни кути партои. аблах.

хакикат
Аз руи аксхо маълум мешавад,ки шахрвандонам гунахгоранд,хар тараф мусирхояшона мепартоянд, риоая намекунанд ба одитарин коидахо...

наргис
мутаасифона мардуми мо бо зарби зури одат кардаанд, замоне расидааст, ки дар хар як куча камерахо насб карда шаванд ва хар як шахрванде ки дар берун аз кутихо партовхоро мепартояд, чидди чарима карда шавад. вале ин гапхои мову шумо бенатичаанд, инро хамаи мо медонем. на хукумати шахр парво дорад ва на хукумати маркази. худо шахрвандонро инсоф дихад.

ин айби мардуме ки баъди солхои 90 ба пойтахт аз нохияву дехот хамбида омадаанд. онхо фарханг чист намедонанд тозагиро намефахманд ба онхо танхо хонааш ва либосхояш зебо бошад шуд. агар ба онхо эрод гиреду гуед ки кучаро ифлос накунанд е партовро дар партовгоххо партоянд остинхояшро бар зада хакораткунон ба сарат меояд. кудаконашро намегуед партовро дар миени рохрав мепартояду мегурезад ва аз кори кардааш хурсанд мешавад ки дигаронро озурдахотир кардааст.мемуранд агар камтар зоянд. макомоти шахри бояд ба ин хамшахрихояшон махалла ба махалла ва дом ба дом бигардаду фахмонад ки дар шахр чунин рафтор чоиз нест ин шахр аст на дехот.барои он ки мо шахрихо ба хамшахрихои макомоти шахри фахмонда наметавонанд, онхо лафзхи шахрихоро намефахманд ва дар чавоб мегуянд ки бра корут набоша.

Dev
YAgona roh dar nazdi har nuktai partovgoh , jo akallan nazdi du se nukta yak afsar bo automati kalashnikov monda shavad , ana bad gued natijai hub medihad,chun hususan halki mo fakat zaboni zura medonad

Ин хамун ки аз районхо омада, хамачора меолонанд, айнан хамихелон дар Россия низ обруи моро хамин дарача овардан

Пеш аз хама ба шахсони хайвонмичоз бояд одоби партовпартоиро дар чойхои махсуси чудошуда омузондан лозим аст.

Чарлз Дарвин
Вокеъан фарханги бисёр пасти дехоти пас аз рафтани русхо ба шахри Душанбе,Кургонтеппа ва дигар шахрхо таъсири манфии худро расонидааст.Шумо бубинед шахри Кулобро,ки фарханги шахрии зиёд дорад то хол тоза аст.Шахри Хоруг низ чунин тоза аст.Шахри Хучанд,Уротеппаба гап хам нест.лекин дехотиён ва мардуми сахроии омада пойтахт ва Кургонтеппаро ифлос кардаанд.Махсусан ахволи шахри Кургонтеппа,ки халки кучманчии зиёд аз кабилахои атрок омадаанд бисёр вазнин аст.Дар кишвархои пешрафта ва худи Тошкенту Остона,Боку ва гайрахо сокин шудани ашхоси маданияти шахри надошта чанд сол боз мамнуъ хаст.Барои пойтахти мо ва марказхои вилоятхо низ кабули чунин конун ногузир аст!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)