Бахшҳо

Даъвати Эрон ба ҳимояи Фаластин: Нерӯи мусалмонҳоро нишон медиҳем

Вазорати умури хориҷии Эрон бо пахши баёнияе аз пайравони дини мубини Ислом дар саросари дунё даъват кардааст, дар ҷашни Рӯзи Қудс иштирок кунанд.

Дар ин баёния омадааст, “Рӯзи ҷаҳонии Қудс фурсате барои намоиши қудрати пайравони дини мубини Ислом ва ҳимоят аз ормонҳои сокинони мазлуми Фаластин мебошад.”

Вазорати умури хориҷии Эрон таъкид кардааст, ки кишвараш озодии тамоми манотиқи ишғолшуда, аз ҷумла Қудс, бозгашти тамоми оворагон ба сарзамини худ, раҳоии фаластиниён аз банди Исроил, баргузории интихоботи шаффофу озод бо ҳузури кулли сокинони Фаластинро роҳҳали ягонаи расидан ба сулҳи воқеӣ медонад.

Рӯзи ҷаҳонии Қудс ҳамасола ҷумъаи ахири моҳи шарифи Рамазон таҷлил шуда, асосгузори ин ҷашн Руҳулло Мусавӣ Ҳумайнӣ - раҳбари инқилоби исломии Эрон мебошад. Баъди пирӯзии инқилоби исломӣ дар Эрон соли 1979 ин сана ҳамчун рӯзи иттиҳоду якдилӣ бо мардуми Фаластин, ки аз дасти яҳудиён ҷабр мебинанд, ҳамчун рӯзи Қудс эътироф ва таҷлили он бештар миёни шиаҳо расм шудааст.

Даъвати ВУХ-и Эрон барои таҷлили чунин як сана ва ҷашне дар ҳолест, ки тӯли 17 рӯз мешавад, ҳамлаҳои низомии Исроил ба навори Ғаззаи Фаластин идома дорад. Дар пайи ин ҳамлаҳо ба манотиқи аҳолинишини Ғазза 746 нафар фаластинӣ кушта шуда, 4 ҳазору 500 нафар захм бардоштаанд. Бояд гуфт, мақомоти фаластинӣ аксари қурбониёни худро пиронсолон ва занону кудакон мегӯянд, ки бар асари бомбаборон шудани манозили зисташон аз сӯи неруҳои Исроил ҷон додаанд.

Навори Ғазза дар канори баҳри Миёназамин дар Ховари Миёна ҷойгир буда, аз қисмати ҷанубу ғарб бо Миср ва аз тарафи шимолу шарқ бо Исроил ҳаммарз аст. Масоҳати умумии он 360 километри квадратиро ташкил дода, ҳудуди 1 миллиону 300 ҳазор нафар аҳолӣ дорад. Беш аз 99 дарсади сокинони навори Ғаззаро мусулмонон ва 1%-и онро ақаллияти масеҳиёни фаластинӣ ташкил медиҳад.
Мӯҳр
Овоз аз гайб
Агар шиабози ва суннибозии ЯХУД намешуд, ИСЛОМ -хамчун дини башари ким кайхо рисолаташро амали месохт.

Хакикатгу
Канд занед эрон бо ин нанги доштаатон. ба шумо арабои тарсончакОвоз аз гайб,
Овоз аз гайб,

ОООО МАККОРИ ШИА ЙЕЕ РУЙАТРО СИЁХ МЕКУНИ АГАР ДАР ФАЛАСТИН ШИА НАМЕБУД АЗ ИН БОНБАБОРОНИХО ТУЙ МЕДОДИВУ РАКСУ БОЗИ МЕКАРДИ!

ОООО МАККОРИ ШИА ЙЕЕ РУЙАТРО СИЁХ МЕКУНИ АГАР ДАР ФАЛАСТИН ШИА НАМЕБУД АЗ ИН БОНБАБОРОНИХО ТУЙ МЕДОДИВУ РАКСУ БОЗИ МЕКАРДИ!

Инсоф
АБДУРАХМОН,
Иттилоотат саҳеҳ нест, аксарияти мутлақи фаластиниҳо, гуфтан мумкин аст кулли онҳо аҳли суннату ҷамоатанд. Барои ҳамин каме дар хулосаҳоят боинсофтару ростгутар бош. Тақдири фаластиниҳо болотар аз тафриқаҳои мазҳабӣ аст, он бояд нишондиҳандаи ҳамдилии мусалмонон бошад то ин халқи мазлум аз ҷабру зулм каме биосоянд. Ташаккур.

омар
магар дар фаластин ҳам шиа ҳаст ?
масалаъи фаластин шиа ё суннӣ нест
касани ҳам ки аз шиа ва суннӣ ҳарф мизананд ҳаман ҷосусон ва маваҷиб багирони амрико ва ингилес ҳастанду қасди тафрқа баӣни мусалмонон ро доранд
агар ирон ба фалфстин кумак намикарду кудом кишвар кумак микард ???

yf
баи кинатон. Ту шиа ту Суни гуфта одам
Намешен. Чиход гуфта бкшен якдигартона
Кичора мехонан яхел фанатикош

Амрикои яхудпараст хеч гох намегузорад ки мусалмонон байни худ мехрубону дуст бошанд чунки агар мусалмоно байни худ дуст шаванд амрико кашшок ва охиста охиста махв мегардад. Сарчашмаи ин чангхо умуман чангхои дуне феълан амрикои исломбадбину яхудипараст аст.

Заршинос
Дар шароити бухрони ва фишор ба руи ислом касе,ки дар хусуси мазхаб сухан мекунад у ё мусулмон нест ва ё чосуси янкиву инглису яхуд аст на чизи дигар.Имруз дар Точикистон низ тарики чосусхои яхудитабор ва туркитабор мубориза алайхи Ирону хамзабонони порсизабононамон бо суръат давом дорад ва ин миллати бесовод бошад намефахмад,ки ин яхуду пантуркистхо чи мехоханд ва зери накораи онхо ракси морро ичро карда истодаанд.Якдили ва галабаи ислом танхо зери парчами ислом,пайгамбари ислом ва Куръони Карим аст.Дигар ин мазхабхову халифахои гузашта назди номи пайгамбару Куръони худо аз пуфаке беш нестанд.

110
У ункадар кард. !!! Ту чи кор карди танхо фитна андохта гашти дар руи замин. Хичолат бикаш. Масехиё биёян аз мусалмонхо химоят кунад ту боши тарсуи буздил боз ишкол мегири.

Мо шиъаву сунни намешиносем дар ин масъалахо. Душманони Ислом барои ахдофи нопокашон тамоми ифтилофотро канор гузоштанд. мусалмонхо бошанд чи??? ту шиъаи у сунни аст бас кунед ин харфоро

Шоди
АБДУРАХМОН, Абдурахмон ин чо Шумо руятонро сиех мекунед.дар Фаластин шиа нест ва хамааш суннимазхабанд.Лекин Эрон хамчун давлати исломи медонад имруз мазхаб картаи бозигари ба Исроил аст.Эрон наметавонад мисли Катару.Арабистони Сауди пеши исроил сар хам кунад.То имруз гайр аз Эрон Фаластинро хеч давлатхои мусалмони дастгири накарданд гарчанд Фаластинихо суннимазхабанд.Ба Фаластин имруз бояд аз назари исломи нигох кунанд на мазхаби.Мархамат он одамкушон.ки барои пул дар Ироку Афгонистон зидди мусулмон мечанганд ба Фаластин барои мухофизати дини ислом ва бародари мусалмонаш.Лекин фаластин.ки пул надораду Катару Арабистони Сауди аз тарси Исроил онро дастгири намекунуд он мучохидинхои дар кавс ба он чо намеоянд.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)